Олимони шаҳри Хоразм ва муҳаққиқини Тошканд, ки омӯзиши дастхатҳои қадимӣ машғуланд, нудрати вижаи бозёфт ва ҳолати хуби нигаҳдории онро қайд мекунанд.
Ба қавли Абдуллоҳ Аҳмадов, дотсенти Донишгоҳи давлатии Урганҷ, ин «Қуръон» нусхаи то имрӯз барои илм номаълумт мавсум ба «Мусҳафи усмонӣ» мебошад. Ин нусха дар 120 варақи чармӣ ба тули 80 сантиметр ва баландии 64 сантиметр навишта шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки варақҳои чармин хеле тунуку ҳамвор буда, худи китоб муқова надорад.
Оёт аз ҳарду тараф бо хатти дар ин мавридҳо маъмули кӯфӣ ва бо ранги сиёҳи табиъӣ бо усули сӯзонидани чарм навишта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар саҳифаи аввали «нусхаи хоразмӣ» ибораҳои «Аллоҳу акбар» ва «Муҳаммад-ур-расул-ул-Лоҳ» хеле нозуку моҳирона хаттотӣ шуда, сипас сураи оғозии «ал-Фотиҳа» меояд. Дар ин саҳифа ҳамчунин пайи муҳре ба чашм мерасад.
Лозим ба тазаккур аст, ки нусха дар ҳаҷми комил ва иборат аз ҳамаи 6666 оят боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқин, дар ҷаҳон феълан боз ду нусхаи қадимии «Қуръон»-и дар чарм сабтшуда мавҷуд аст, ки аз «Мусҳафи усмонӣ» нусхабардорӣ шудаанд: нусхаи Самарқанд, ки қадимитарин маҳсуб мешавад, ва нусхаи Тупкапи Туркия, ки дар осорхонаи ин шаҳр нигаҳдорӣ мешавад.