Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом ва зан ва ё "Духтар бошад, ки рӯи офтоба набинад."


Тибқи як тадқиқи ахири созмони ғайриҳукуматии «Гулрухсор» аз шаҳри Хуҷанд, беш аз навад дар сади занони тоҷик дар оила боре хушунат дидаанд. Занони мусалмони тоҷик аз тарафи шавҳар, падар ва ё бародарони худ лату кӯб мешаванд, таҳқир мебинанд, дучори маҳдудиятҳо будаанд. Ва ин ҳама ҷабру ситам ва маҳдудиятҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки Ислом пайравони хешро ба эҳтироми зан ва риояи ҳуқуқи ӯ даъват мекунад.
Мутарҷими Қуръон ба забони русӣ, академик, Валерия Порохова дар сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар китоби муқаддаси мусалмонон возеҳ навишта шудааст, ки зану мард ҳуқуқи комилан баробар доранд ва дар бораи табъизи зан дар Ислом сухан гуфтан як амали бисёр ҳам нодуруст мебуд.
Хонум Порохова афзуд: «Зан ҳақ дорад, ки кор бикунад. Ӯ метавонад ин мавзӯъро бо шавҳараш баррасӣ намояд ва агар монеъае дар роҳи кори ӯ набошад, ба мисли тифли мариз ва ё шавҳари мариз, пас ӯ ҳақ дорад, ки кор бикунад. Бештар аз ин, агар зан кор мекунад, даромади ӯ на ба буҷаи оилавӣ меравад, балки комилан ҳаққи худаш аст, зеро таъмини оила бар дӯши мард аст ва зан ҳақ дорад, тамоми даромади худро ба салоҳдиди худ сарф бикунад. Ин гувоҳи як афзалияти зан нисбати мард дар Ислом аст.
Зан метавонад дар донишгоҳ таҳсил бикунад ва ҳамчунин агар хоҳад баъд аз дарс кор бикунад. Ман чандин бор дар чунин кишварҳои исломӣ ба мисли Эрон, Сурия, Миср, Урдун будам ва медидам, ки зан он ҷо мавқеъи хеле баланди иҷтимоӣ дорад.
Зан метавонад, ба маснадҳои роҳбарикунанда интихоб шавад, ман сад дар сад бо боварии том мегӯям, зан дар ислом ба ягон табъиз дучор нест, дар ҷомеаи муосир метавонад, ҳаёти шоиста ва комил барад ва дар ҷомеа нақши муассир ва мавқеъи худро дошта бошад. Ислом ҳама гуна табъизи занонро маҳкум менамояд.»

Сайид Иброҳими Муҳаммадназар - раиси бахши фарҳангии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мард ҳақ надорад, ки барои зан маҳдудият эҷод бикунад: "Дар ояи нӯздаҳуми сураи чаҳоруми Қуръон, ки «Ан-нисо» ва ё «Занон» ном дорад, омадааст: «Ва Ъоширу:ҳунна би-л-маъру:фи», яъне « Бо занон муомилаи хуш бикунед.»
Муҳаққиқи асримиёнагӣ Иброҳим Ҳаққӣ дар «Маърифатнома»-и худ дар фасли махсусе оид ба муносибати мард бо зан аз қавли пайғамбари мусалмонон навиштааст: «Беҳтарини шумо онест, ки бо ҳамсари худ меҳрубон аст».
Дар идомаи он омадааст: «Агар ягон мард ҳамсари худро лат менамояд, пас ман худам дар рӯзи маҳшар аз ӯ шикоят хоҳам кард.»
Муҳаққиқони Ислом мегӯянд, ин дин барои зан истиқлол, ҳуқуқи комил дар ақида, илмомӯзӣ ва корро додааст. Зан соҳибмулк аст, дар интихоби ҳамникоҳи худ озод аст ва ҳатто дар ҳолатҳои мӯайян ҳаққи талоқро дорад. Аммо оё дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ағлаби кулл худро муслим мехонанд, зан аз ҳама ҳуқуқҳои шаръии худ бархурдор аст?
Сабоҳат Шарифова - корманди созмони ғайриҳукуматии занонаи «Осиёи Боз» мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама таъкид зани тоҷик ҳамоно беҳуқуқ ва маҳдуд аст: "Занҳоро таҳқир мекунанд, ба онҳо гапҳои ношоям гап мезананд."
Ва аммо чаро? Чаро марди мусалмон нисбати зани мусалмон аъмолеро раво мебинад, ки муғойир ба мазҳаби ӯст?

Валерия Порохова дар ин робита чунин андеша дорад: «Медонед, минтақаҳое ҳастанд, ки ҳарчанд мардуми он ҷо Исломро қабул кардаанд, вале дар баъзе ҳолот мушоҳида мешавад, ки онҳо на аз рӯи ислом, балки аз рӯи урфу одоташон зиндагӣ мекунанд. Мо бояд фарқ бигзорем миёни урфу одати ҳазорсолаи мардумӣ ва аҳкоми исломӣ, ки ба таври олиҷаноб дар Қуръон тасвир шудааст. Мисол, ман дар Саудӣ будам, он ҷо зан наметавонад мошин биронад, ягон мансаби муҳиме надорад, куллан ҳамаи занҳо маҷбуранд, бо чодарҳои сиёҳ бигарданд,... Ҳамаи ин маҳдудиятҳо хилофи қавонини шаръӣ ҳастанд ва ба таълимоти ислом иртиботе надоранд.»
Хонум Порохова мегӯяд, мавқеъи пасти зан ва маҳдудиятҳову нобаробариҳо одатан дар ҷомеаҳои мамолики ба истилоҳ саввум новобаста ба мазҳабашон дида мешавад. Сайид Иброҳими Муҳаммадназар бар ин назар аст, ки боло нарафтани мавқеъи зан дар бархе аз кишварҳои исломӣ омили маърифатӣ дорад: "Мутаасифона дар асоси ҳамон тассавуроти ғалат нисбати дин баҳодиҳӣ мешавад, аз ҷумла нисбат ба зан. Мардуми мо умуман дар бораи ислом таассуроти ғалат доранд, таассубу бидъатҳо ҷойи Исломро гирифтаанд."
Гуфта мешавад, як сабаб сӯиистеъмол аз қонунҳои дини Ислом мебошад ва маҳз бо ин иллат ба мавқеъи зан дар Ислом нодуруст баҳо дода мешавад. Як омили аслии дигари эҷоди маҳдудиятҳо ба зан дар диди мардум муқаддам будани писар аз духтар дониста мешавад. Яъне, барои мисол, чун имкони молии волидон барои таҳсили танҳо як нафар кифоят кунад, пас он нафар ҳатман аз ҷинси мард хоҳад буд, зеро таҳсил ва касбомӯзӣ барои мард заруртар маҳсуб мегардад. Ҳамчунин бо назардошти менталитети тоҷикон ва вазъи ахлоқии ҷомеа, мардум намехоҳад ҳамсар, хоҳар ва ё духтараш аз ӯ дур бошад, миёни мардҳои номаҳрам бошад, берун аз хона бошад. Вале гуфта мешавад, нобоварӣ ва тарс аз ҳарфи мардум низ агар то ҷое дуруст бошад, то ҷои дигар мантиқан хато аст. Ақоиде аз қабили «духтара чию хондануш чӣ» ва ё «духтар бошад, ки рӯи офтоба набинад» ҷаҳолате беш нест, мегӯянд ҳолдонон.
XS
SM
MD
LG