Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон: марги як нафар бар асари сармо


Мисли сардиҳои кунуниро дар Тоҷикистон кам касе ёд дорад.
Мисли сардиҳои кунуниро дар Тоҷикистон кам касе ёд дорад.

Ба иттилоъи хабаргузории «Авеста», дар натиҷаи сардии шадид дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қурғонтеппа як нафар фавтидааст.

Ҷисми марҳум, ки марди 50-сола мебошад, аз даруни як танури самбусапазӣ дар назди яке аз меҳмонхонаҳои шаҳр кашф шудааст. Тахмин зада мешавад, ки фавтида аз ноилоҷӣ хостааст дар танур шаби худро рӯз кунад. Ҳамзамон шоҳидон гуфтаанд, ки фавтида аз минтақаи Кулоб буда, дар маркази вилоят ба мардикорӣ машғул будааст ва маҳалли зист надоштааст.

Кормандони милитсияи шаҳр маълум кардаанд, ки марҳум бар асари хунукӣ ҷони худро аз даст додааст. Ҳуввияти шахси фавтида ва зодгоҳи ӯ дар ҳоли ҳозир муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, ин дуввумин чунин ҳодиса дар шаҳри Қурғонтеппа мебошад ва ду ҳафта қабл як нафар мардикори дигар низ дар ин шаҳр аз хунукӣ ҷони худро аз даст дода буд.

Ба нақли сокинони шаҳр, тануреро, ки ҷисми марҳум дар он кашф шудааст, қаблан бархе аз кудакони бепарастори хиёбонӣ барои шабгузаронӣ истифода мешудааст ва ахиран бо омадани сардиҳо дар он баъзе мардикорони бехона шаб мегузаронидаанд.
XS
SM
MD
LG