Бар асари сармо танҳо корхонаҳои коркарди мева ё консервбарорӣ тавлидоти худро мутаваққиф намуда, аммо корхонаҳои коркарди тухми пахта, ки 36 адад будаанд, бидуни танаффус фаъолият мекардаанд. Муҳаммадрасул Пиров, сармутахассиси шӯъбаи саноати ҳукумати Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, феълан, корхонаҳои саноатии вилоят бо нерӯи барқ таъминанд ва мушкили бебарқӣ дар кори онҳо аслан мушоҳада намешавад:
«Дар ин давру замон, ки бисёр муҳим аст захираи чигит ва молу маҳсулоти саноатӣ дошта бошем, корхонаҳои саноатӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Агар ҳам барқ хомӯш шавад, ба зудтарин фурсат дубора интиқол меёбад ва кормандон ҳам аз коргоҳ берун намераванд…»
Ин ҳам дар ҳолест, ки пешорӯи зимистони як соли пеш вазорати аллакай барҳамхӯрдаи саноати Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мушкили бебарқӣ гуфта буд, ки зиёни молии фақат 59 корхонаи саноии тобеъи ин вазорат дар мавсими сармо 5 миллион сомонӣ дар як рӯзро ташкил медиҳад.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки рӯзҳои ахир бинобар мутаваққиф шудани интиқоли барқ, ба ҷуз корхонаҳои саноии вилояти Суғд, ки аз нерӯгоҳҳои маҳаллӣ ва хориҷа барқ мегиранд, тамоми муассисаҳои саноии кишвар аз истеҳсолот боз мемонанд.
Рӯзи 22-юми январ низ ширкати «Барқи тоҷик» расман изҳорот дод, ки ба аксар аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, бинобар «бӯҳрон»-и барқ, интиқоли нерӯ мутаваққиф шудааст. Аммо ҳукуматдорони Хатлон мегӯянд, ки корхонаҳои маҳаллӣ ба 100 %-и иқтидор кор карда, намешавад интиқоли нерӯ ба ин муасисаҳоро боздошт, чун хисороти зиёди молӣ дар пай хоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Хатлон дар як шабонарӯз танҳо аз 1 то 4 соат барқро мебинанд. Амалдорон нотавонии худ дар таъмини аҳолии Хатлон бо барқро бо он асоснок мекунанд, ки сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Норак ба сурати назаррас поин рафта, воридоти об ба ин обанбор ҳамагӣ 49 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, гузашта аз ин, ҳаҷми оби рӯдхонаи Вахш низ то се карат кам шудааст, ки назири ин ҳолро мутахассисон ба ёд надоранд. Табиист, мизони тавлиди нерӯ низ коҳиш ёфтааст.
Ва аммо таҳлилгарони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки сармои ҳафтаҳои ахир, камбуди барқ ва афзоиши қимати гази табиӣ зиёни қобили мулоҳиза ба иқтисоди Хатлон, бавижа ба соҳаи саноат, расонидааст. Қаландар Садриддинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон, дар ин робита мегӯяд:
«Саноат бидуни барқу гармӣ, табиист, рушд намекунад. Ҳоло коррупсия ба соҳаи саноати Хатлон низ роҳ ёфтааст, агар масъулини корхонаҳои саноатӣ бихоҳанд газу барқ барои тавқиф нашудани истеҳсолот дарёфт намоянд, пули изофӣ бояд пардохт бикунанд, сарфу харҷаш афзун ва зимнан, қимати моли тавлидотиаш боло мешавад. Моло колои ин корхонаҳо, ки бе ин ҳам сифати начандон арзандаву баланд доранд, рақобатнопазир ва зиёновар шудааст. Аз ин ҷост, ки хеле аз корхонаҳо ҳоло аз кор бозмондаанд, дастгоҳҳо вайрон ва шумори зиёди кормандонаш низ бекор ва бемузд. Агар вазъ тағйир нахӯрад, шумори муҳоҷирони корӣ беш аз имрӯз шуда ва обрӯи давлат коҳиш меёбад. Вазъи деҳот ва мардум имрӯз бадтар аз кори корхонаҳост».
Коршиносон мегӯянд, фаразан, агар барқ то се рӯз хомӯш шавад, барои барқарор кардани кори корхонаҳои саноатӣ то як ҳафтаи дигар вақт лозим меояд, ки ин ҳам зиёни иқтисодист. Аммо ба эътиқоди онҳо, фаъолияти Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мутаваққиф шавад, зеро агар ин муассиса ҳамагӣ 40 дақиқа бидуни барқ монад, ҳудудан 30 миллион доллари амрикоӣ барои рафъи хисорот зарур меояд. Ин дар ҳолест, ки «Барқи тоҷик» интиқоли нерӯи барқ ба ширкати алюминии Тоҷикистон - «Талко»-ро ҳар рӯз то 2,5 миллион киловатт/соат маҳдудтар кардааст.
Ҷӯра Рӯзиев, коршиноси соҳаи саноат: «Дар ҳоли қатъ шудани интиқоли барқ корхонаи алюминиум 30-40 дақиқа истода метавонад. Агар дар ҳамин миён аз сари нав ба кор андохта нашавад, тамоми дегҳои электролизии корхонаро аз нав таъмири капиталӣ кардан лозим мешавад, яъне ин ҳолат тамоми кори корхонаро ба истилоҳ, «мекушад». Барои таъмири дубора бошад, маблағҳои калон зарур аст. Барои барқарор кардани танҳо як электролизор то 40 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад. Ин гуна электролизорҳо дар корхона аз 800 адад зиёданд».
Масъулини яке аз азимтарин корхонаҳои саноии вилояти Хатлон мавсум ба «Тоҷиказот», иқрор мекунанд, ки кори ин корхона мутаваққиф шудааст, аммо на ба сабаби сармоҳо ва бебарқӣ. Ҳоло «Тоҷиказот», ки бо истифода аз гази Узбакистон мол истеҳсол мекунад, наздик ба 16 ҳазот тон маҳсулоти захирашуда дар ихтиёр дорад. Ин маҳсулот харидор надоранд, чун корхона дар баробари то 50 дар сад афзун шудани баҳои гази узбакӣ, 30 дар сад нархи моли тавлидотиашро боло бурдааст. Ҳамин моле, ки харидор надорад, боиси тавқифи кори «Тоҷиказот» гардидааст, корхонае, ки иқтидори солонааш 400 ҳазор тон минералҳои азотӣ мебошад.
Масъулини соҳаи саноати Хатлон ҳисоб накардаанд, ки хисороти молии корхонаҳои саноатии минтақа бар асари бебарқӣ ба кадом ҳад хоҳад расид. Шояд сабаб ин аст, ки онҳо мегӯянд, муассисаҳои маҳаллӣ аз ин мушкил ранҷ намебаранд. Аммо ҳукумати Хатлон тасмим гирифтааст, 23 корхонаи саноатии айни замон камфаъолро аз соҳибонаш ситонида, ба давлат бозгардонад, бо ин ҳадаф, ки тавлидоташон афзун ва мафоди моли бештар ба даст ояд.
Гуфта мешавад, 211 корхонаи дигари саноии Хатлон ба буҷаи маҳаллӣ солона беш аз як миллиард сомонӣ ворид мекардаанд. Амалдорон мегӯянд, барои иҷрои ин ҳадаф имсол низ мушкилеро дар пеш намебинанд, на мушкили бебарқӣ, на гаронии гази узбакӣ ва на сармоҳои феълӣ. Суоли матраҳ ин аст, ки пас, барои мақомот аз таъмини нерӯи барқ чӣ муҳимтар аст: мафоди молӣ аз корхонаҳои тавлидотӣ ё сиҳҳатии ҷони шаҳрвандон дар ин сармоҳои шадид?