Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши масрафи барқ ва эҳтимоли буҳрон


Тибқи баёнияи ширкати «Барқи тоҷик», аз 22 январ реҷаи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои хурду азими саноии Тоҷикистон боз маҳдудтар шудааст.

Ниҳоди мазкур таъкид мекунад, ки дар ду ҳафтаи оянда Тоҷикистон метавонад ба бӯҳрони шадиди барқ рӯ ба рӯ гардад ва эҳтимол дар кишвар вазъи фавқулода эълон шавад. Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, то ба эътидол омадани вазъ интиқоли неруи барқ ба ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» ҳар рӯз то 2,5 миллион киловатт/соат ва ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ то 1 миллион киловатт/соат маҳдудтар мегардад.

Гулов дар шарҳи ташдиди иллатҳои маҳудудияти реҷаи интиқоли барқ гуфт, «маҷрои дарёи Вахш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб се маротиба камтар шудааст ва бо назардошти он, ки воридоти барқ аз Туркманистон ва Узбакистон бинобар сабаби хунукиҳои шадид начандон кофист, мо ба чунин хулоса омадем, ки барои нигоҳ доштани як захираи минималии оби энергетикии ҷумҳурӣ истифодаи неруи барқро маҳдудтар кунем».

Ба иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик», феълан дар Тоҷикистон то 46 миллион киловатт/соат барқ дар як шабонарӯз истифода мешавад ва бо ҳамин мизони истифода захираи барқ танҳо то 10 феврали имсол кифоят хоҳад кард. Масъулини ин ширкат мегуянд, дар ҳоле, ки сатҳи об дар обанбори Норак, ки ба сурати бесобиқа поин рафтааст, рӯ ба боло наниҳад, дар Тоҷикистон вазъи фавқулъодда эълон хоҳад шуд.

Ва аммо ҳавосанҷони тоҷик низ наметавонанд бо пешгуиҳои хушбинонаи худ сокинони кишварро ором бикунанд. Маҳмад Сафаров, ҷонишини раиси Оҷонси обуҳавосанҷии Тоҷикистон, мегуяд, сармоҳои шадид, ки бори нахуст дар 25 соли ахир мушоҳида шудаанд, боиси камшавии оби рудхонаҳо ва зимнан коҳиши мизони об дар обнабори Норак гардидааст. Вай афзуд, сардии шадиди ҳаво то 27 январ идома хоҳад кард, баъдан се рӯз андаке гарм ва дар даҳаи аввали моҳи феврал дубора сармои шадид кишварро фаро хоҳад гирифт. Маҳмад Сафаров гуфт, агар тайи рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво каме гарм нашавад, мумкин аст, ки сатҳи обанбор ҳам камтар шавад, зеро ҳангоми сардиҳои шадид дар куҳҳо ҷоришавии об кам мешавад.

Масъулини «Барқи тоҷик» гуфтаанд, аз ин ба баъд ба аҳолии кишвар ба ҷуз пойтахт танҳо якуним соат субҳ ва якуним соат шом барқ дода хоҳад шуд. Аммо дар Душанбе, ба гуфтаи онҳо, бо фосилаи як рӯз аз соати 22-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқ қатъ мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари сокинони пойтахт рӯзҳои ахир бо мушкили бебарқӣ мувоҷеҳ будаанд ва наметавонистаанд хонаҳои сарди худро каме ҳам бошад гарм кунанд.

Имрӯз, 22 январ, як гурӯҳи 12-нафараи сокинони Душанбе бо нишони эътироз аз қатъшавии ғайриинтизор ва беш аз реҷаи таъйиншудаи барқ дар назди сохтмони шабакаҳои барқи пойтахт гирдиҳамоӣ карданд. Онҳоро ин, ки барқ ба хонаҳояшон танҳо 3 соат дар шабонарӯз интиҷол меёбад, хашмин кардааст. Дертар боз 50 нафари дигар дар назди ин идора тазоҳурот карданд ва мегуянд, чаҳор шабонаруз шуд, аслан барқ надоранд.

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳи сокинони шаҳри Чкалов ва Хуҷанд дар робита ба буҳрони шадиди энергетикӣ дар ин шаҳрҳо ба раисҷумҳури Тоҷикистон як муроҷиъатнома ирсол намудаанд ва аз ӯ тақозо кардаанд, то ба ҳалли мушкили бебарқӣ дар Суғд расидагӣ кунад. Ба навиштаи муаллифони ин муроҷиъатнома, дар як тайи ҳафтаи ахир чанд нафар дар шаҳри Чкалов ба таъсири сардӣ ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG