Дар номае, ки унвонии Комиссари Олӣ ва Кумиссиюни СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Созмони Афви байналмилал, Ҳюман Райтс Вотч ва Маркази қурбониёни таъқиби сиёсӣ навишта шудааст, маҳбусин аз вазъи сиҳатӣ, будубош, тазйиқу озор ва шиканҷаи худ изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар номаи худ ба унвони созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ, собиқ размандагони зиндонии Нерӯҳои оппозитсиюн ва Фронти халқӣ, бо таъкид ба ҳоли нигаронкунандаи саломатӣ, шароити бади нигаҳдорӣ, тазйиқу фишорҳои паёпай дар зиндон, хостаанд ин созмонҳо барои ислоҳи вазъ мусоидат бикунанд.
Ин саввумин муроҷиати расмии размандагони пешини зиндонӣ ба мақомоти расмии Тоҷикистон, минҷумла раисҷумҳур, ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ будааст, ки ба иддаои худи нигорандагони ин нома, вокунише ба бор наовардааст. Зери номаи мазкур 6 маҳбус аз номи 400 узви собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва Фронти халқӣ имзо гузошта, аз созмонҳои байнулмилалӣ тақозо кардаанд, дар баробари беаҳамиятии давлати Тоҷикистон ба қазияи онҳо, чораҳо андешанд.
Ҳуснорои Аҳмад, раҳбари Созмони ғайриҳукуматии «Орзуи модарон» ва ҳам модари яке аз муаллифони нома, гуфт, «размандагони собиқи оппозитсиюн ҳоло ба бемориҳои шадид гирифторанд, ба давлату ҳукумат, ҷамъият зарар оварда наметавонанд. Агар имрӯз онҳоро дастгирӣ накунем, мумкин аст дигар наҷот дода натавонем. Онҳо ба гуноҳи худ қоиланд, аммо ислоҳ шудаанд ва хоҳиши афв мекунанд, чунки размандагони қаторӣ ташаббускори ҷанг ва ҳеҷ гуна низоъҳои сиёсӣ буда наметавонанд, онҳо фирефтаи гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор шуда, ба даст силоҳ гирифта буданд».
Дар номаи худ размандагони пешин инчунин мегӯянд, шароити будубош дар муассисаҳои ислоҳӣ бисёр бад аст ва онҳо мунтазам мавриди шиканҷаву истинтоқ қарор мегиранд. Бо ин ҳама, муаллифони нома навиштаанд, ки онҳо ба бемориҳои мухталифи сангин мубтало шуда ва солона то 30 нафар аз онҳо фавт мекунанд.
Ҳамзамон размандагони пешини зиндонӣ аз фишори афзояндаи мақомот изҳори ташвиш намуда, гуфтаанд, ки ҳукумат иҷоза намедиҳад, то созмонҳои ҷамъиятиву ғайриҳукуматӣ, мисли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, аз зиндонҳои ин кишвар боздид ба амал оранд.
Саидумар Ҷононаев, раҳбари намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, талошҳои ин созмон барои дарёфти иҷозаи расмии боздид аз зиндонҳои кишвар то ҳанӯз бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Вай афзуд, «дар Тоҷикистон дар соли 2004 чанд моҳ иҷоза дода шуда буд, ки намояндагони Кумитаи Салиби Сурх аз зиндонҳо боздид кунанд, аммо ҳоло намедонам бо кадом сабабҳо мақомот иҷоза намедиҳанд. Танҳо ҳадафи КБСС ин аст, ки шароити нигаҳдории маҳбусон ва муносибати мақомот бо зиндониён беҳтар шавад. Мо ҳоло гуфтушунид дорем бо ҳукумат дар ин масъала ва агар давлат, ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад, КСС омода аст, кӯмак расонад ба зиндонҳо».
Мақомоти зирабти Тоҷикистон сабаби напазируфтани дархости Кумитаи Салиби Сурхро ба сурати равшан шарҳ намедиҳанд ва иддаоҳо дар мавриди шароити сангини нигаҳдории маҳбусонро такзиб мекунанд.
Аммо собиқ размандагони зиндонии Нерӯҳои мухолифин ва Фронти халқӣ, ки ба гуфтаи худи онҳо, асосан аскарони қаторӣ будаанд, дар номаи худ ба унвони созмонҳои байнулмилалӣ таъкид мекунанд, ки дар зиндонҳо ба бемориҳои шадид гирифтор шуда ва ба давлату ҷомеаи Тоҷикистон дигар хатарзо нестанд. Шумори размандагони ҷанги шаҳрвандӣ, ки феълан дар зиндонҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба иттилоъи ғайрирасмӣ, ба 400 нафар расида, ҳар яке аз 20 то 25 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.