Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаҳои мардикорӣ


Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Русия
Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Русия

Бо тул кашидани раванди муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ, ба вижа ба Русия, солҳои ахир таронаҳое низ дар ин мавзӯъ аз ҷониби ҳунармандону овозхонон пешкаши мардум мешавад.

Ғолибан дар чунин таронаҳо мушкилоти муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, таҳаммули нақзи ҳуқуқ ва озору шиканҷаҳо, вазъи оилаҳои онҳо дар ватан ва амсоли инҳо инъикос мегарданд.

Масалан, гурӯҳи «Б-эфект» бо омезиши забони тоҷикӣ ва русӣ таронаи «Мардикор»-ро дар жанри реп пешниҳод кардааст. Дар ин тарона писаре, ки солҳои тулониӣ дур аз падар ба сар бурда, сахтиҳои зиёдро таҳаммул кардааст, ба падари хеш муроҷиъат мекунад, ки ба ватан баргардад. Фарзанд таъкидомез ба падараш мегӯяд, ки дигар ба азобу шиканҷа ва хушунат дар кишвари бегона таҳаммул набояд кард.

Тарона:

«Домой скорее возврощайся, возьми всё в свои руки,

Я не желаю вновь пережить все эти муки.

Очнись, отец, посмотри, кто ты сейчас,

Всех вас избивают скинхеды, уголовники

В аэропорту вас семьями все вместе проважают,

Обратно же чаще груза-200 получают.

Все твои кони, разрубил судьбы тапор

Не важно кем ты раньше был? Сейчас ты - мардикор!

Падарҷон ту ҳоло дар куҷоӣ? Модарам бе ту шуда бемор,

Падарҷон, мо туро интизорем, ин ҷудоӣ мисли дарди ҷонкоҳ»

Аммо доктор Эмфер, сарояндаи дигари реп, дар таронаи «Бригада»-аш мегӯяд, ки аз бекориву бесаводӣ бо умеди фардои нек роҳ сӯи муҳоҷиратро пеш мегирад. Ӯ бовар дорад, ки дар Русия ҳатман зиндагиаш тағйир хоҳад ёфт, аммо баъди рафтан ба мардикорӣ назараш тағйир меёбад. Чаро? Посух ба ин суолро дар таронааш мешунавем.

Тарона:

«Рафтум Росия, шаҳри калон, азобу барфу борон,

Кор нест, хона нест, гушна ташна

Танҳо мондам дар шаҳри бегона

Давон- давон аз дасти милисаҳо.

Танҳо дар гушат ин гапҳо: «Сержант Андреев, ваши документи».

Ҳаёт сар шуд бачаҳо, ана ба ту «Бригада», ана ба ту Росия!

Бачаи нағз мешам ман, бачаи зур мешам ман»

Одатан ба мавзӯъи муҳоҷират репсароёни ҷавон бештар таваҷҷуҳ доранд. Зеро дар ин жанри мусиқӣ онҳо оид ба мушкилоти доғи ҷомеъа метавонанд озодтар дар шакли сӯҳбат ва маъмулан бо алфози ҷавонони кӯча тарона сароянд. Яке дигар аз репсароён ки дар миёни дӯстдорони репи Тоҷикистон хеле шӯҳрат дорад, Мастер Исмоил аст. Исмоил дар таронаи «Дар паси панҷара» дар бораи ҷавоне, қисса мекунад, ки дар ҷустуҷӯи кор муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, вале кор пайдо намекунад ва ба ҷиноят даст мезанад. Овозхон дар таронаи хеш аз хиёнати дӯстон низ ёд мекунад, ки маъмулан аз эътимоди ҳамроҳони хеш дар ғариби сӯистифода менамоянд.

Таронаи Мистер Исмоил - «Дар паси панҷара»:

«Патсан роҳи бадда мера,

Кати ҷураш кору бори сафедида мера,

Гуфтум, брат, накун и кора Душанбе биё,

Мегуфт, ки бест камтари дигар ждат кун ман меём.

Ина омад бародари ман браслето дар даст задагӣ,

Статяи вазнин катӣ, сопровождения катӣ...

Неки хона наомад, рост бурданаш СИЗО.....

Худойи замон бубахш маро! Ту раҳме кун бар ман

Худойи замон бубахш маро, як назар кун бар ман»

Дар баробари репсароён гуруӯҳҳои ҳаҷвнигор низ дар инъикоси мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар ғурбат хеле фаъол буданд. «Арабшоҳ» - яке аз чунин гурӯҳҳои ширинкорест, ки дар баробари офаридани саҳнаҳои ҳаҷвӣ сурудҳои ҳаҷвии ифшогари дарди ҷомеъаро иҷро мекунад. Чун яке аз масалаҳои доғи ҷомеъа мушкилоти марбут ба муҳоҷират аст, онҳо низ ба ин мавзӯъ бетараф намонда, ин сурудро пешниҳод кардаанд.

Таронаи «Мардикор»-и гурӯҳи «Арабшоҳ»:

«Ба мулки Росия овора ҳар бор, кор, кор, кор, мардикоре мардикор,

Зану фарзандонат бо ду чашми чор, чор, чор, ба роҳи ту мардикор.

Ту рафти, хонаат бесаробон монд, фарзандони ту аз мактаб қафо монд,

Аробакаш, мошиншуй, салафанфурӯш, зани бечораат дар нимароҳ монд...»

«Ғарибшоҳ компания» низ дар мусиқии таронаи маъруфи гурӯҳи шамс «Ту гули лола» суруди муҳоҷиратро офарид. Ва онҳо аз ҷавонони тоҷик даъват мекунанд то аз фикри муҳоҷират ва мардикорӣ дар кишварҳои бегона баргашта, барои беҳбуд ёфтани вазъи зиндагии тоҷикистониён дар дохили кишвар кӯшиш намоянд. Онҳо порашеъри маъруфро далел меоранд, ки "хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар" аст.

Хуб, бо овардани ҳамин тарона бахши муаррифиии таронаҳои дар мавзӯъи муҳоҷиратро хулоса мекунем. Боқӣ дар паноҳи Худо ва бо барномаи «Садои ҳамватан» бошед.

«Аз хона баромадам бо сад дарду алам,

Зиндагӣ шудаст вазнин ба куҷо биравам?

Гуфтам биравам Росия меҳнат бикунам.

Об аз ду дида резаду хун аз ҷигарам.

Ало ай тоҷики ман, ало ай ҳамватани ман.

Ай ҷураи ҷавон, биё Росия наравем,

Дар ватани ҳамсоя азобе накашем.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар

Дар пеши касу нокас сархам нашавем».

XS
SM
MD
LG