Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои модари Лиза бо боғи ҳайвоноти Душанбе


Хирси боғи ҳайвоноти Душанбе дасти Лизаро аз китф кандааст
Хирси боғи ҳайвоноти Душанбе дасти Лизаро аз китф кандааст

Олга Кострикова, модари Лизаи 10-сола, ки дар боғи ҳайвоноти Душанбе дар натиҷаи ҳамлаи хирс аз як дасташ маҳрум шуд, мехоҳад аз маъмурияти ин боғ барои табобати фарзандаш 1,5 миллион сомонӣ ҷарима ситонад.

Хонум Кострикова барои ҷуброни зарари модиву маънавӣ маъмурияти боғи ҷонваронро ба додгоҳ кашидааст ва аз аввали соли 2007 то ба инҷониб мурофиъаҳои додгоҳӣ идома дорад. Гуфта мешавад, додгоҳи ноҳияи Сино ба манфиати даъвогар хонум Кострикова ҳукм бароварда, боғи ҷонваронро муваззаф кардааст, ки 128 000 сомонӣ ба ҷабрдида пардохт кунад ва аммо дар натиҷаи даъвои эътирозии боғи ҷонварон ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ бекор карда шуда, аз нав мавриди баррасии додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе қарор гирифтааст.

Хонум Кострикова модари ҷабрдида мегӯяд, аз тул кашидану ҳар замон ба таъхир гузоштани мурофиъаҳои додгоҳӣ хараҷоти ӯ бештар ва вазъи саломатии фарзандаш, ки ба ҷарроҳии ҷиддӣ ва гарон ниёз дорад, бад мешавад. Вай афзуд, «Як дасти сунъии биолектрикӣ, ки имкон медиҳад шахс мустақилона як бурда нон ва ё пораи ҳасибро бурида бихурад, 674 ҳазор рубл, баробар ба 20 000 евро, нарх дорад. Хирс дасти духтари маро қариб аз китф кандааст ва он бо дастҳои оддии сунъӣ аслан ҳаракат карда наметавонад. Ин масъала барои ман дарднок аст ва ман мехоҳам, ки одамон бидонанд, ки ҳодисаи бо духтари ман рӯйдода ягона нест ва қаблан ҳодисаҳои ҳамсон, дар ин боғ бо дигар кӯдакон низ рух додаанд».

Олга Кострикова иброз намуд, ки «агар хирсҳо дар шароити мусоид нигоҳ дошта мешуданд, ин фоҷеъаҳо ба вуқуъ намепайвастанд. Агар баъди фоҷеъаҳои қаблӣ чораҳои бехатарӣ аз ҷониби маъмурияти боғ андешида мешуд, бо фарзанди ман ин фалокат рух намедод. Умед аз ҳама охир мемирад ва ман ба адолати судӣ бовар дорам. Аммо ба ҳар сурат барои ман кофист, ки баъд аз ин амали ман дигар дар ин боғ бо кӯдакон чунин ҳодисаҳои даҳшатнок рӯй надиҳад. Дигар ягон модар ва фарзанд ашк нарезад. Ва ман қавл додаам, ки кӯшиш мекунам то гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб диҳанд».

Ин ҳодиса моҳи майи соли 2006 дар боғи ҷонварони пойтахт рух дода буд. Елизавета ҳамроҳи падараш барои тамошо ба боғи ҷонварони Душанбе рафтааст. Модари Елизавета дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки зимни наздик шудан ба қафаси хирс духтарак хостааст ба ин ҷонвар як пора нон дароз кунад, аммо хирс аз паси панҷара дасти рости духтаракро, ки нонро дароз мекард, аз китфаш кандааст.

Юсуф Кавраков, намояндаи боғи ҷонварон дар мурофиъаи додгоҳӣ ба радиои Озодӣ гуфт, бо сабабе, ки Елизавета бо падараш ба тамошои боғ омадааст, масъулияти назорати фарзанд бар души ӯ буд ва гузашта аз ин боғи ҷонварон тавони пардохтани чунин маблағи зиёдро надорад. Ба гуфтаи ӯ, «ин ҷо гуноҳи боғи ҷонварон нест ва хирс ҳам аз панҷара баромада, назди кудак наомадааст. Аз панҷараи эҳтиётӣ гузашта назди хирс рафтани кӯдак гуноҳи боғи ҷонварон нест».

Дар ҳамин ҳол кормандони боғи ҷонварон гуфтанд, ки дар чунин ҳолатҳо аксаран худи тамошобинон гунаҳгор ҳастанд. Зеро онҳо маъмулан оддитарин қоидаҳои эҳтиётро риоя накарда, ба қафаси ҷонвар хеле наздик мераванд ва дар натиҷа ба чанголи ҷонварон меафтанд. Ин дар ҳолест, ки убури марзи як- якуним метри назди қафаси ҷонвар ва ғизо додан ба он қатъиян манъ аст.

Аммо дар ҳамин ҳол бархе аз тамошобинон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо айби масъулини боғи ҷонварон аст, ки ғолибан тамошобинонро беназорат мемонанду бехатарии кудаконро низ наметавонанд таъмин созанд.

XS
SM
MD
LG