Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази вижа барои мубориза бо одамфурушӣ


Дар Душанбе Маркази миллии омӯзиши мутахассисин дар роҳи мубориза бо тиҷорати инсон ифтитоҳ гардид.

Гуфта мешавад, ин Марказ нахустин ва ягона дар тамоми Осиёи Марказист ва дар оянда кормандони ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа низ оид ба тарзу усулҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон омӯзиш мебинанд. Барои бунёди Маркази таълимӣ Департаменти давлатии Амрико 25 ҳазор доллар ихтисос ва онро Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дод.

Дар расми ифтитоҳи Маркази тамрини мутахассисони риштаи мубориза бо хариду фурӯши инсон муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон Том Хушек гуфт, ки ҷиноёти марбут ба қочоқи инсон аслан дар он кишварҳое содир мешаванд, ки мизони гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа баланд ва шароит барои рушди терроризм фароҳам аст. Дипломати амрикоӣ дар ин иртибот афзуд:

«Як ҳадафи барномаи Иёлати Муттаҳида оид ба мусоидат ба таъмини амнияти Тоҷикистон – кӯмак ба мақомоти ин кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз тиҷорати инсон аст. Мо ёрии худро барои таҷдиди қонунгузории Тоҷикистон, ба ҳадде ки мавориди қочоқи инсонро шадидан маҳкум ва таъқиби муттаҳаминро пешбинӣ кунанд, идома хоҳем дод. Ҳамчунин, бо кӯмаки молии ҳукумати Амрико ду маркази нав барои қурбониёни қочоқ таъсис хоҳад ёфт, бо мақсади ин ки онҳо ба рӯзгори осудаву бехушунат баргарданд».

Том Хушек афзуд, ки барои бунёди Маркази нави омӯзишии мубориза бо хариду фурӯши инсон Департаменти давлатии Амрико 25 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Ин дар ҳолест, ки миёнаҳои соли 2007 Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида бархӯрди ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи ҷилавгирӣ ва маҳви қочоқи инсон нокифоя, аммо талошҳои онро муҳимму ҷиддӣ хонд. Дар гузориши Департаменти давлатӣ ҳамчунин гуфта мешуд, ки давлати Тоҷикистон бояд ҳодисаҳои қочоқро ҷиддан таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро, бо шумули мақомоти давлатӣ, ки дар ин ҷиноят гоҳе даст доранд, ба муҷозот кашад. Бар асоси ин гузориш, наздики се ҳазор тоҷикистонӣ қурбони қочоқ ва истисмори ҷинсию корӣ мебошанд ва бозгардонии онҳо аз кишварҳое, ки қочоқ мешаванд, кам иттифоқ уфтодааст.

Ва аммо масъулини Кумиссиюни муштараки ниҳодҳои зидди хариду фурӯши инсон дар Тоҷикистон ин иддаоро рад карда ва мегӯянд, дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқ ва бозгардонии қурбониёни он аз хориҷ талошҳои назаррас анҷом додаанд. Раҷабмурод Толибов, дабири Кумиссиюни мазкур, гуфт, бо таъсиси ин ниҳод мавориди тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон ба сурати қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст:

«Танҳо дар соли 2007 дар Тоҷикистон 27 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шуда, нисфи онҳо ба қочоқи ноболиғон вобаста буда, дар шакли иваз кардану фурӯхтани тифлон сурат мегирад ва боқимонда дар шакли истисмори шаҳвонии занон. Дар Тоҷикистон аллакай барои экстрадидсия ё истирдоди рабояндагони инсонҳо аз хориҷа ва худи қурбониёни қочоқ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди ин ки чи теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои дигар қочолқ шудаанд, рӯйи даст нест, аммо ба тахмин наздики 400 нафаранд онҳо ва мо барои бозгардонии онҳо талош дорем».

Раҷабмурод Толибов ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон ба як кишвари пешвои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқи инсон бадал шудааст ва бо таъсиси Маркази тамрини мутахассисони риштаи мубориза бо ин навъи ҷиноят, дар бозомӯзии коршиносони риштаи қочоқи инсон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба ин андеша намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон низ мувофиқ аст. Мукаррама Бурҳонова, корманди ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд:

«Ифтитоҳи маркази таълимии мутахассисони риштаи мубориза бо хариду фурӯши инсон маънои онро надорад, ки мизони ин навъи ҷиноят дар Тоҷикистон бештар аз кишварҳои дигари минтақа аст. Созмони байналмилалии муҳоҷират кӯшишҳои давлати Тоҷикистонро дар роҳи решакан кардани қочоқи инсон мусбат арзёбӣ мекунад. Вале бисёр муҳим аст, ки шумори мутахассисони риштаи мазкур дар Тоҷикистон афзун шавад ва ихтисоси онҳо низ такмил ёбад. Талоши Тоҷикистон барои бозгардонии қурбониёни қочоқ низ назаррас аст, дар ду соли ахир беш аз 100 шаҳрванди рабудашуда аз хориҷа ба ватан баргардонида шуданд».

Ёдрас мекунем, давлати Тоҷикистон танҳо дар соли 1998 дар кодекси ҷиноӣ як банди марбут ба қочоқи инсонро ворид кард ва тайи даҳ соли ахир одамрабоӣ ё тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад ва дастандаркорони он низ аз якуним то нӯҳ сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG