То анҷоми мӯҳлати муайяншуда барои қайди такрории расонаҳои чопии кишвар камтар аз як ҳафта боқӣ мемонад ва мақомот таъкид мекунанд, фаъолияти нашрияҳое, ки дар ин миён санади барасмиятдарории дубораро дарёфт намекунанд, манъ карда мешавад.
Мирзобадал Бадалов, мудири бахши табъу нашри вазорати фарҳанг, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир наздики 60 дар сади расонаҳои чопии Тоҷикистон барои қайди такрорӣ ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд. Вай афзуд:
«Ҳамарӯза аз вазорати фарҳанг аз сӯйи созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ ва байнулмилалӣ дар мавриди расонаҳои хабарии Тоҷикистон маълумот дархост мекунанд, аммо мо ин рӯзҳо иттилоъи дақиқе дар ин робита рӯйи даст надорем. Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки лоиҳаи инчунин як тартиб ё қоидаҳоро таҳия карда ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоем. Тартиби бақайдгирии дубора сода аст, аммо на ҳама расонаҳо такроран сабтином шудаанд. Ба ин восита, аксар аз расонаҳое, ки шояд чанд муддат фаъолият намекарданд, аз миён мераванд ва сафи расонаҳо низ тоза ва шуморашон дақиқ мешавад».
Бар тибқи қароре, ки дар моҳи июни соли 2007 аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид, расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалии муқими Тоҷикистон муваззаф гардиданд, ки дар вазоратҳои адлия ва фарҳанг оинномаҳои худро дубора ба қайд бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони иддае аз созмонҳо ва расонаҳои хабарӣ мегӯянд, адами ҳамоҳангӣ дар кори мақомот, боиси саргумии онҳо ҳангоми қайди такрорӣ шудааст.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва сардабири нашрияи «Фараж», дар ин иртибот мегӯяд:
«Ба ҳайси раҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва соҳиби нашрия аз ин мушкил ба хубӣ огоҳам ва бисёр орзу мекунам, ки мисли тӯби футбол аз вазорати адлия ба вазорати фарҳанг ва баръакс равон кардани соҳибрӯзнома ниҳоят анҷом ёбад ва ба ин хотима бахшанд. Беҳтар ин аст, ки умуман ҷараёни ба қайдгирии ҳама гуна расонаҳоии чопию электронӣ танҳо дар вазорати фарҳанг сабтином шаванд. Ва ҳамчунин то ҷое иттилоъ дорам, шумори афзуни ҳам созмонҳо ва ҳам расонаҳо имкони онро пайдо накарданд, ки саривақт аз сабтиноми такрорӣ гузаранд ва аз ин лиҳоз, хуб мебуд, мӯҳлати барасмиятдарории дубора то чанд моҳи дигар тамдид карда шавад».
Ин дар ҳолест, ки ба тахмини вазорати фарҳанг, бо анҷоми мӯҳлати қайди такрорӣ дар рӯзи 1-уми январи соли 2008, шумори матбуоти даврии Тоҷикистон ба маротиб коҳиш меёбад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар аввали соли 2007 дар Тоҷикистон 341 номгӯи рӯзномаю маҷалла ва оҷонсиҳои иттилоотӣ, 139 матбаа ва 79 нашриёти давлатию ғайридавлатӣ арзи вуҷуд доштаанд.