Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол, беш аз ҳар соли дигар журналист куштаанд


Рӯзноманигороне, ки дар Ироқ кушта шудаанд
Рӯзноманигороне, ки дар Ироқ кушта шудаанд

Кумитаи дифоъ аз журналистон теъдоди хабарнигорони имсол ҷонбохтаро бузургтарин аз соли 1994 ба ин сӯ арзёбӣ кардааст.

Тибқи гузориши Кумита, ки ахиран нашр шуд, соли 2007 зимни ифои вазифа дар кишварҳои гуногуни олам 64 хабарнигор ба ҳалокат расиданд. Тақрибан нисфи ин ҳодисаҳои фоҷиабор дар Ироқ ба вуқуъ пайвастааст ва панҷ сол боз ин кишвар пурхатартарин минтақаи олам барои фаъолияти хабарнигорӣ маҳсуб мешавад.

Кумитаи дифоъ аз журналистон ба он нукта ишора кардааст, ки соли равон хабарнигорон асосан бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ ҷон бохтаанд, дар ҳоле, ки солҳои пеш онҳо бештар миёни оташи ҷонибҳои даргир ба ҳалокат мерасиданд. Соли 2007 куштори кормандони расонаҳо дар қораи Африқо назар ба як соли пеш бештар мушоҳида шуд – фақат дар Сомалӣ 7 хабарнигор ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Дар гузориш гуфта шудааст, ки бештари хабарнигорон маҳз барои матолиби нашркардаашон кушта шудаанд – аз ҷумла, дабири як нашрияи армании чопи Стамбул Грант Динк.

Дар гузориши Кумитаи дифоъ аз журналистон омадааст, дар Ироқ кормандони расонаҳои хабарӣ аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос, террористони маргталаб ё бар асари амалиёти низомии неруҳои амрикоӣ ба ҳалокат расидаанд. Гузориш ҳокист, ки ба ҷуз як нафар дигар ҳамаи 30 хабарнигори дар Ироқ кушташуда сокинони маҳаллӣ буданд ва 9 нафари онҳо барои расонаҳои хабарии байнулмилалӣ матлаб таҳия мекарданд,

Зимнан, имсол дар Ироқ ду хабарнигори Радиои Озодӣ низ ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмӯъ баъд аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Ироқ 124 хабарнигор ҷон бохтаанд.

Дар Мексика соли гузашта се хабарнигор барои он ҳадафи тир қарор гирифтанд, ки дар бораи робитаи пулис ва ҳукумат бо қочоқбарони маводи мухадир гузориш таҳия карданд. Ҳамзамон, ба навиштаи муаллифони гузориш, дар Колумбия бори аввал дар 15 соли ахир ва дар Филлипин бори нахуст дар 9 соли ахир ҳалокати кормандони расонаҳои хабарӣ мушоҳида нашудааст – Колумбия ва Филиппин солҳо дар сархати кишварҳои барои хабарнигорон пурхатар ҷой доштанд.

Дар қаламравии шӯравии собиқ соли равон фақат ду ҳодисаи куштори хабарнигорон сабт шудааст – дар Русия хабарнигори нашрияи Коммерсанти чопи Маскав Иван Сафронов кушта шуд ва дар Қирғизистон сардабири нашрияи узбакзабони “Сиёсат” Алишер Соҳибов.

Олег Панфилов – раиси маркази журналистикаи изтирории Русия мегӯяд, ки аз як сӯ, дар кишварҳои шуравии собиқ куштори хабарнигорон коҳиш ёфтааст ва аз сӯи дигар, таҳдиду таъзиқи хабарнигорон ва фишор болои расонаҳои мустақил рӯ ба афзоиш дорад. Ба гуфтаи ӯ, “чун пештара дар қаламрави шӯравии собиқ мушкили аз ҳама бузург – дастгоҳи маъмурист, ки аз шаклҳои гуногуни фишор болои хабарнигорон кор мегирад, шурӯъ аз таъқиби ҳуқуқӣ, яъне боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи хабарнигорон ва дар ин маврид Русия на фақат миёни кишварҳои собиқи шуравӣ, балки дар ҷаҳон дар мавқеъи аввал қарор дорад – мо ҳамасола то 50 парвандаи ҷиноӣ алайҳи хабарнигорон бо иттиҳоми тӯҳмат ва иснод ба шаъни инсониро ба қайд мегирем. Имрӯз дар Русия хабарнигоронро аз рӯи банди нави кодекси ҷиноӣ барои ифротгароӣ ҳам маҳкум мекунанд”.

Зимнан, ба иттилоъи Федератсиони байнулмилалии хабарнигорон қароргоҳаш дар Брюссел, дар маҷмӯъ, соли гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ ва ҳодисаҳои фалокатбор дар кишварҳои гуногуни олам 175 хабарнигор ва дигар кормандони расонаҳои маҳалливу ҷаҳонӣ ба ҳалокат расиданд. Теъдоди онҳо дар Ироқ аз ҳама бештар – 69 нафар аст.

XS
SM
MD
LG