Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази узбакӣ ҳанӯз ҳам маълум нест


Бо гузашти се рӯз аз гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳамоно сари масъалаи баҳои газ барои соли 2008 тавофуқ ҳосил нашудааст.

То ҳанӯз «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» танҳо як санадеро дар мавриди харидории 950 миллион метри мукааб гази табиӣ ба имзо расониданд, аммо ба чӣ маблағ ниҳоятан ин газ харидуфурӯш мешавад, норӯшан боқӣ мемонад.

Ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон иборат аз намояндагони ширкатҳои «Тоҷикгаз»-у «Барқи тоҷик» ва вазоратхонаҳои обу энержӣ давоми се рӯи ахир талош дорад, мақомоти Узбакистонро барои таъини баҳои мувофиқ ва дастраси гази табиияш розӣ кунонад. Гуфта мешавад, Тошканд ҳафтае пеш бо ирсоли як нома ба «Тоҷикгаз», гуфтааст, то 24-уми декабр дар мавриди харидории газ ба арзиши 180 доллар барои 1000 метри мукааб тасмим бигирад. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба ин таъинот мувофиқ нест, чун имсол ҳамин миқдор газро бар ивази 100 доллари амрикоӣ (дар соли 2006 - 55 $) харидорӣ мекард. Амриддин Ниёзмамадов, ёвари раиси ширкати «Тоҷикгаз», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз Тошканд то ҳанӯз тафсилоте оид ба натоиҷи музокирот нарасидааст:

«Дар сафари аввали ҳайати «Тоҷикгаз» ба Тошканд ҷониби Узбакистон гуфт, ки дар соли 2008 қасд дорад, баҳои гази табииро барои Тоҷикистон то 185 доллар барои ҳазор метри мукааб боло барад. Аммо «Тоҷикгаз» бо ин шарт розӣ нашуд ва дубора рӯзи 25-уми декабр ҳайате аз Тоҷикистон барои музокирот дар масъалаи таъйини баҳои гази узбакӣ, аммо бо нархҳои нисбатан дастрас, ба Тошканд рафт. Ҳанӯз ин ҳайъат ба Душанбе барнагаштааст».

Ва аммо оқои Ниёзмамадов нагуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бо кадом қимат ҳозир аст гази узбакиро бихарад. Ин дуввумин сафари ҳайъати «Тоҷикгаз» ба Тошканд аст, ки бо ҳадафи гуфтушунид оид ба таъйини нархи газ барои соли 2008 анҷом мешавад. Дафъаи аввал ҷонибҳо сари масъалаи таъйини баҳои газ ба тавофуқ нарасиданд.

Ва аммо дафъаи аввал «Тоҷикгаз» муваффақ шуд, интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистонро дар соли оянда то 250 миллион метри мукааб афзоиш ёбад. Сабаби афзоиши ҳаҷми гази дархостшудаи узбакӣ барои соли оянда, афзоиши талаботи корхонаҳои саноатӣ ва чанд маркази гармидиҳии Тоҷикистон ба ин навъи сӯзишворӣ унвон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, зимни сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ, як масъули дафтари матбуоти ширкати «Узбакнефтегаз» гуфт, ки феълан дар Тошканд натанҳо ҳайъати Тоҷикистон, балки намояндагони Русия ва Қирғизистон, кишварҳое, ки ҳамчунин гази узбакиро харидорӣ мекунанд, бо мақомоти Узбакистон гуфтушунид доранд. Ва аммо дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди ин ки оё воқеан Узбакистон мехоҳад газашро ба қимати 185 доллар ба Тоҷикистон фурӯшад, гуфт, ин хабари расонаҳо асоси воқеӣ надорад ва ҳанӯз ҳукумати Узбакистон дар ин робита тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Имсол Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор дар ҳаҷми 650 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ кард, дар ҳоле ки 700 миллион метрии мукааб ваъда шуда буд.

Ва аммо «Узтрансгаз» аз ҳоло тақозо мекунад, ки ширкати «Тоҷикгаз» аз ин ба баъд маблағи гази табииро пешпардохт намояд. Дар ҳоли ҳозир, ширкати гази Тоҷикистон аз «Узтрансгаз» беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст.

XS
SM
MD
LG