Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази Узбакистон ҳанӯз ҳам дақиқ нест


Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси "Тоҷикгаз"
Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси "Тоҷикгаз"

Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз» ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Тошканд бо як санади имзошуда дар мавриди харидории 950 миллион метри мукааб гази табиӣ баргаштааст.

Дирӯз, 10 октябр, ҳайъати Тоҷикистон барои гуфтушунид оид ба харидории гази Узбакистон ва таъини нархи он барои соли 2008 ба Тошканд сафар карда буд.

Фатҳиддин Маҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, онҳо бо ҷониби Узбакистон ба мувофақа расидаанд, ки дар соли 2008 ин кишвар интиқоли гази худ ба Тоҷикистонро 250 миллион метри мукааб афзоиш медиҳад. Соли ҳолии 2007 Тоҷикистон аз Узбакистон 700 миллион метри мукааб газ харидорӣ карда буд.

Ва аммо арзиши дақиқи газ ҳанӯз таъин нашудааст, гуфт ҷаноби Маҳсиддинов. Раиси «Тоҷикгаз» гуфт, ҷониби Узбакистон ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик қиммати газ барои Тоҷикистонро дақиқ хоҳад кард. Ӯ тахмин зад, ки ин арзиш тақрибан 150-160 $ барои ҳазор метри мукааб хоҳад буд.

Дар соли ҷорӣ, Тоҷикистон барои ҳазор метри мукааб гази Узбакистон 100 доллар пардохт мекард. Як соли пеш бошад, «Узтрансгаз» ҳазор метри мукааб гази худро ба Тоҷикистон бо қиммати 55 доллар мефурӯхт.

Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин ба мувофақа расидаанд, ки аз ин ба баъд маблағи газро Тоҷикистон пешпардохт хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG