Мақсуд Ҷӯра дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умдатарин мушкилоте, ки дар ҳоли кунунӣ равобити сокинони Тоҷикистону Узбакистонро сангин сохтааст, симхорбандӣ ва мингузорӣ шудани байни қаламравҳои ин ду кишвар ва ҷорӣ будани низоми раводид мебошад. Ӯ афзуд, дар пайи таркишҳои минаҳои зидди пиёданизоми Узбакистон ҳарсола даҳҳо сокинони осоиштаи тоҷику узбак, ки маъмулан бо зарурати зиндагӣ, аз қабили ҷамъоварии ҳезум ва чарои ҳайвоноти хонагӣ ба минтақаҳои минкоришуда қадам мегузоранд, ба ҳалокат мерасанд ва захмҳои сахт мебардоранд.
Мақсуд Ҷӯра гуфт, ӯ аз он рӯ номаи саркушоди худро унвонии Ислом Каримов иншо кард, ки дар интихоботи рӯзи 23 – юми декабр шанси се номзади дигарро барои муқобила бо Ислом Каримов ночиз мебинад ва шубҳа надорад, ки охирӣ боз ҳам курсии президентии Узбакистонро нигаҳ хоҳад дошт. Вай афзуд, аммо дар тӯли беш аз 15 соли ба ҳайси раҳбари давлати Узбакистон сари қудрат будани Ислом Каримов мушкили беҳбуди равобит бо Тоҷикистон, масоили боз кардани роҳҳои иртиботӣ ва сабук кардани низоми равуои шаҳрвандон ва нақлиёти ҳар ду кишвар ҳамчунон боқӣ мондааст. Балки ин мушкил дар тайи солҳои ахир печида ва сангинтар шудааст.
Узбакистон дар соли 2000 марзҳояшро бо Тоҷикистон минкорӣ ва симхорбандӣ кард ва бо ин кишвар ва пасон бо Туркманистон низ низоми раводид ҷорӣ кард. Дар пайи он Тоҷикистон низ барои убуру мурури шаҳрвандон ва нақлиёти Узбакистон виза ҷорӣ кард.
Зимнан, дар се моҳ қабл Тошканд эълон дошт, ки ба барчидани минҳо аз хати марз бо Тоҷикистон шурӯъ кардааст, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Маркази минрӯбии Душанбе гуфтанд, ки Тошканд дар ин бора онҳоро дар ҷараён нагузоштааст.