Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Террористҳо ё ҷосусони тақаллубкор?


Шиносномаи тақаллубии Ҳ. Симирханов
Шиносномаи тақаллубии Ҳ. Симирханов

Бо гузашти ним сол аз инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олии Тоҷикистон, мақомоти интизомии кишвар ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Узбакистонро дар даст доштан дар ин ҷиноят муттаҳам мекунанд.

Феълан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тафтиши парвандаи Ҳасан Симирханови узбакистонӣ ва Комил Эшонқулови тоҷикистониро аз рӯйи банди терроризм, қочоқи маводди мамнӯъ ва хиёнат ба ватан баррасӣ мекунад. Ва аммо ин ду нафар ахиран бо иттиҳомоти дигар бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои аз 5 то 6 сол равонаи зиндони бо низом шадид шуданд. Ҳасан Симирханови 27-сола, ки шаҳрванди Узбакистон будааст, дар убури ғайриқонунии марз, сохтани ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам дониста шуд.

Савриддин Тошев, қозии парвандаи мазкур аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, гуфт, Ҳасан Симирханов чанд соли пеш марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда ва бо сохтани шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон тайи чанд сол дар қаламрави ин кишвар будубош ва дар Академияи полиси Тоҷикистон таҳсил кардааст. Оқои Тошев афзуд, аз рӯйи матлабҳои дар парвандаи ҷиноӣ овардашуда, маълум мешавад, шаҳрванди Узбакистон Симирханов, ки ба ӯ бо моддаи 314, қисми 1 низ айб эълон карда шудааст, баъд аз хатми Академияи ВКД ҶТ, бо роҳхати ин академия ба вазорати умури дохила барои кор равон шуда, чанд сол дар ин мақомот фаъолият кардааст. Ва баъдан соли 2005 бо хоҳиши худ аз кор рафта, кирдорҳои дар боло зикршшударо содир кардааст.

Ба қавли ҷаноби Тошев, аммо дар ин мурофиъа масъалаи даст доштани Симирханови узбакистонӣ ва ҳампаймони ӯ - шаҳрванди Тоҷикистон Комил Эшонқулови 26-сола дар ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан баррасӣ нашуд, ҳарчанд ҷониби айбдоркунанда онҳоро дар ин ҷурм низ муттаҳам медонист. Вай афзуд, қисми санадҳои парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Симирханов ба моддаҳои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон, терроризм ва сохтакории ҳуҷҷатҳо марбут аст. Бинобар ин дар мурофиъаи судӣ ин қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ таҳти баррасӣ қарор нагирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, зери моддаи терроризм мақомоти айбдоркунӣ таркиши назди бинои Суди олӣ дар моҳи июнро дар назар доранд ва аз рӯйи ин қисми парванда таҳқиқ бурда мешавад.

Додрас Савриддин Тошев

Додрас Савриддин Тошев гуфт, гуноҳи Ҳасан Симирханов ва Комил Эшонқулов дар инфиҷори назди сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи июни имсол, дар додгоҳ пурра собит нашуд ва таҳқиқи иловагӣ мехоҳад, аммо мақомот мегӯянд, ин ду нафарро дар рӯзи таркиш дар ҳудудҳои Додгоҳи олӣ мушоҳида кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар шарҳи ин парванда чизе намегӯяд, аммо, бино ба қавли додрас Тошев, ниҳоди мазкур тафтиши парвандаи Ҳасан Симирханов ва Комил Эшонқуловро аз рӯйи банди 179-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми амали террористӣ идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки таркиши назди Додгоҳи олӣ 16 июни соли равон дар остони ҷашни 10-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон сурат гирифта, дар пайи он танҳо чанд тирезаи маҷлисгоҳи додгоҳ хароб шуда буд. Вале то имрӯз навъ ва ҳаҷми маводи таркандаи инфиҷор мушаххас нагардидааст. Мақомот фарзияи сиёсии инфиҷор дар бинои додгоҳи олии Тоҷикистонро низ рад кардаанд. Пас аз сар задани инфиҷори тобистонӣ, дар моҳи ноябр дар пешорӯи 15-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, дар назди сохтмони Кохи Ваҳдат таркиши дуввум рух дод, ки бар асари он як нафар ҳалок шуд. Мақомот ин инфиҷорро низ амали террористӣ номида, аммо то ҳанӯз, тибқи итилоъи расмӣ, афроди дастандаркори онро боздошт накардаанд.

XS
SM
MD
LG