Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷибзодаи мисрӣ ва саноати туризм дар Тоҷикистон


Самиъ Имом Комил ан-Наххо, мудири як ширкати нафтии Миср изҳори омодагӣ кардааст, ки дар Тоҷикистон зербинои саноати ҷаҳонгардӣ ё туризмро ташкил намояд.

Гуфта мешавад, ӯ аз ин нийяти худ ҳангоми мулоқоташ дар Душанбе бо Шариф Саид, раиси Утоқи бозургонии Тоҷикистон, изҳори ақида кардааст.
Дар ҳамин ҳол раиси Утоқи бозургонии Тоҷикистон дар қараёни суҳбат бо наҷибзодаи мисрӣ дар бораи самтҳои авлавиятдори иқтисоди кишвар, ки ба сармоягузорӣ ниёз доранд, маълумот дод.
Дар навбати худ Самиъ Имом Комил ан-Нахха дар мавриди дар Тоҷикистон ташкил намудани зербинои соҳаи ҷаҳонгардӣ, эъмори корхонаи симонбарорӣ ва як нерӯгоҳи барқи обӣ барои он изҳори омодагӣ кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳангоми сафари ахири расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Миср байни утоқҳои бозургонии ин ду кишвар ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG