Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва ояндаи Русия


Владимир Путин, президенти Русия, мухолифони сиёсии худро, ки аз Ғарб пуштибонӣ мешаванд, ба "шағолҳо" шабоҳат дода гуфт, ки душманҳои дохиливу хориҷии Русия мехоҳанд ин кишварро заъифтар кунанд.

Путин бо чунин мазмун дар як майдони варзишии Маскав дар баробари гурӯҳҳои ҷавонон ҳозир шуда аз онҳо тақозо кард, ки барои пирӯзии вай ва ҳизби "Русияи воҳид" дар интихоботи парлумонии 2 декабр овоз диҳанд. Вай гуфт:

"Мутаассифона, дар дохили кишвар ҳам нафароне пайдо мешаванд, ки дар атрофи сафоратҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ шағолвор чарх мезананд ва бар ивази кӯмаки мардуми худ, ба пуштибонии хазинаҳову ҳукуматҳои хориҷӣ умед мебанданд".

Путин афзуд, ки барои ҳимоят аз сиёсати имрӯзаи давлати Русия пирӯзии "Русияи воҳид" ҳаётан муҳим аст.

Дар ҳамин ҳол, мунаққидони Кремл мегӯянд, ки пуштибонии аксари мардум аз Путин ва ҳизби "Русияи воҳид", шеваи шадидлаҳни раҳбарӣ ва тамоюл ва худкомагӣ боиси он мешавад, ки баъди интихобот дар Русия режими яккаҳизбаи назири шӯравӣ ҳукмрон хоҳад шуд. Яке аз мунаққидони сиёсии Путин Гарри Каспаров, ки дар Париж бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ба таъйиди ин суханҳо гуфт:

"Дар аҳди Путин давлати Русия батадриҷ хароб шуд. Имрӯз ҳама бахшҳои сердаромади соҳибкорӣ ва амалиёти пурманфиати молӣ аз сохторҳои давлатӣ ба ширкатҳои баном хусусии мисли "Газпром" ва "Роснефт" табдил шудааст".

Гарри Каспаров яке аз он фаъолони мухолифини Русия аст, ки бино ба танқидҳои шадидаш аз сиёсати Кремл барои ширкат ба интихобот роҳ наёфт. Таҳлилгарон сӯҳбатҳои пешазинтихоботии Владимир Путинро дар баробари ҷавонҳо шабеҳи суханрониҳои раҳбарони шӯравӣ арзёбӣ мекунанд, ки дар асл бебунёд мебошад. Андрей Бабитский, хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ суханронии Путинро тавассути шабакаи аввали телевизиони Русия дар Прага тамошо кард. Вай мегӯяд, амалан раҳбари Русия ҳарфи наве нагуфт. Вай аз ин пеш ҳам ба ҷониби Ғарб санг андохта, баъзе гурӯҳҳоро дар душманӣ айбдор кардааст. Тафовут дар ин ки, мегӯяд Бабитский, ба фарқ аз изҳороти пешинааш лаҳни вай ин навбат шадидтар ва мавзӯи сӯҳбаташ мушаххастар буд. Аммо бо вуҷуди шабоҳати сӯҳбатҳои вай ба баромадҳои серҷамъияти даврони Сталин дар Русия ва ё Ҳитлер дар Олмон, вай имкониятҳои таъқиби мухолифону дигарандешонро, ки ин раҳбарҳо доштанд, надорад.

"Ҳукумати Путин мардумро наметавонад дастаҷамъона аз кор маҳрум кунад, чунки шумори зиёди мардум дар бахшҳое фаъолият доранд, ки ба таври мустақим ба ҳукумат вобаста нест. Ҳукумати Путин имкон надорад, ки мардумро дастаҷамъона ба маҳбасу зиндонҳо равон кунад. Режими Путин наметавонад ба мардум дар сатҳи баробар бо режимҳои тоталитарии шӯравӣ фишор оварад. Ва дар ин ҷо як мазҳакаро дидан мумкин аст, чунки ҳукумат мехоҳад аз гузашта нирӯ бигирад, аммо дар паси пардаи ин энержӣ як халои комил мавҷуд аст".

Аммо, бо вуҷуди ин, Владимир Путинро дар саросари Русия аксарият пуштибонӣ мекунанд ва ин маъруфияту маҳбубият гоҳо ба қаламрави ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ ҳам тавсеа меёбад. Сабаб дар ин ки, мегӯяд Андрей Бабитский, баъди пошхӯрии шӯравӣ аксари ҷумҳуриҳои узви ин иттиҳод бо харобиҳову маҳрумиятҳои зиёд рӯбарӯ шуд.

"Ба мардум фарқ надорад, ки ин ё он режими сиёсӣ аз кадом идеоложӣ кор мегирад. Барои онҳо субот ва эътидол хеле муҳимтар аз дигар чизҳо аст. Аммо вақте ҳукумат кӯшиш мекунад, ки бо мардум бозӣ кунад, тавозун аз байн меравад. Чунин мардумфиребӣ дер намепояд. Худи ҳамин ҷавонҳо ва бахши дигари мардуми Русия аз Путин интизори амал ҳастанд, аммо он чи ки мо мебинем, аз амал дур аст".

Владимир Путин, ки мӯҳлати раҳбариаш дар моҳи марти соли 2008 ба итмом мерасад, дар интихоботи парлумонии Русия дар садри феҳрасти ҳизби "Русияи воҳид" қарор хоҳад гирифт. Бо назардошти ин ки тибқи Қонуни асосии Русия Путин наметавонад барои мӯҳлати сеюм муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ шавад, таҳлилгарон бар ин боваранд, ки тавассути парлумон вай метавонад нуфузи азими худро дар сиёсати кишвар ҳифз кунад. Бархе тахмин мезананд, ки Путин мақоми нахуствазирии ин кишварро ҷӯё хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG