Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳор дошт, ки Русия хоҳиш надорад, нозирони байнулмилалро ба таври саривақтӣ ва бо ҳусни ният бипазирад ва бо онҳо ҳамкории комил дошта бошад. Сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Урдур Гуннарсдотир, ба радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби онки Русия дар фиристодани даъватнома ва судури раводид таъхир мекунад, нозирон наметавонанд, фаъолияти худро дар Русия шурӯъ кунанд:
"Моро батакрор мутмаин мекарданд, ки даъватномаҳо дар роҳанд. Ин роҳ ду моҳ кашол ёфт. Ва азбаски даъватномаҳо ду ҳафт пеш расиданд, мо ҳанӯз раводид нагирифтаем. Ба ин тартиб мо ягон нозир фиристода наметавонем, ҳатто гурӯҳи коргузорро низ."
Русия ин бор барои мушоҳидаи интихобобти порлумонии дувуми декабр ҳамагӣ 70 нозири Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро даъват кардааст. Теъдоди нозирон дар интихоботи соли 2003 ба 400 нафар мерасид.
Сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Михаил Каминин ба изҳороти имрӯзаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътино накард ва гуфт, ин ниҳод ҳақ дорад, ҳар тасмиме ки мехоҳад бигирад. Аммо афзуд: Муҳтавои номаи мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тааҷуби моро ба миён овард. Ягон далели ин нома ва шарҳи қарори нафиристонади нозирон аслан ҷавобгӯи ҳеч танқиде буда наметавонад."
Кумисюни Аврупо имрӯз аз ширкат накардани нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи Русия изҳори таассуф кард ва аз президенти Русия Владимир Путин даъват намуд, ба меъёрҳои байнулмилалӣ арҷ бигузорад.