Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон соҳилҳои Харангонро мустаҳкам мекунад


Ҳукумати Ҷопон барои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Харангон дар ноҳияи Варзоб беш аз 65.000 доллар тахсис дод. Имрӯз, 22 ноябр, сафорати Ҷопон дар Душанбе ва мақомоти ҷамоаи Айнии ноҳияи Варзоб дар ин робита як қарордоде имзо карданд.

Самариддин Баҳриддинов, як масъули сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои Тоҷикистон ҷудо шудааст. Ҳадаф аз он, аз обхезиҳои пайдарпай эмин доштани манзилҳои сокинони деҳоте, ки дар савоҳили дарё зиндагӣ мекунанд, мебошад. Дар доираи ин тарҳ, дар масофаи 500 метр аз ду ҷониби дарё иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ сохта хоҳанд шуд. Дар ин маҳал, ҳамчунин осоишгоҳи ҷумҳуриявии маълулин низ ҷойгир шудааст.

Ҳукумати Ҷопон дар беш аз даҳ соли ахир дар чаҳорчӯби барномаи кӯмакҳои бебозгашти худ 200 тарҳи иҷтимоии ҳаҷман хурдро бо маблағи беш аз 12 миллион доллар пиёда кардааст.

XS
SM
MD
LG