Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Африқои Ҷанубӣ намеравад


Зарбае, ки бозигари тими Сингапур дар дақиқаи 27 аз масофаи тақрибан 25 метр вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд, варзишгоҳи марказии бо парчамҳои миллӣ ороёфтаи Душанберо мувоҷеҳи сукут намуд.

Ин гол ҳисоби бозиро 1 -1 намуд ва умедҳои Тоҷикистон барои роҳхат ба даври дигарро барбод дод.

Ва ҳол он ки бозӣ барои тими Тоҷикистон умедворкунанда оғоз шуд. Аллакай дар дақиқаи якуми бозӣ бо нахустин ҳамла сӯи дарвозаи Сингапур Раҳмоналӣ Баротов аз канори рости майдон тӯбро ба ҷаримагоҳ партофт ва Ҷамшед Исмоилов онро ба осонӣ вориди дарвозаи Сингапур намуд. Пас аз он ҳам бозигарони тоҷик тӯб зери пой зуд-зуд меҳмони ҷаримагоҳи меҳмонон мешуданд ва аммо дар ҷаримагоҳ бозии тимӣ будани футболро фаромӯш мекарданд. Натиҷаи ин гуна бозӣ шонсҳои аз даст рафтаи хуби голзанӣ гардид.

Тоҷикистон: Додов, Носиров, Зубайдов (корти зард), Ф. Восиев, Исмоилов (Д. Восиев 59), Холматов (корти зард), Маҳмудов (Шоҳзуҳуров 59), Саидов, Ҳакимов (Муҳиддинов 74), Баротов, Рабимов.

Меҳмонон низ, ки ҳунари ҳимоятгаронашон аз ҳунари ҳамтоёни бангладешияшон фарқ мекард, худро дар нимаи майдони худ ба истилоҳ «намепартофтанд». Зарбаи бо сар задаи Дуричи қадбаланд дар дақиқаи 15-ро болочӯби дарвозаи Алишер Додов баргардонд. Аммо зарбаи Нӯҳ Аламшоҳ дар дақиқаи 27-ро болочӯб ва чӯбҳои дигари дарвоза ҳам гардонида наметавонистанд, зеро он дуруст ба сӯи тӯр нигаронида шуда буд.

Акнун, ба соҳибони майдон боз се тӯби дигар задан лозим меомад, ки вазифаи осон набуд. Дар дақиқаи 28 Комил Саидов қариб буд, вазифаро осонтар мекард. Ӯ як ҳимоятгар ва дарвозабонро фиреб дода гузашт, аммо худаш афтид ва то замоне, ки баланд шуд, аллакай ҳимоятгари дигар омада дарвозаи холии худро наҷот дод. Комил Саидов дар дақиқаи 40 низ имкони голзанӣ дошт, аммо истифода бурда натавонист.

Капитан Холматов низ фаъол буд. Акмалро зуд-зуд меафтониданд, ва бозигарони сингапурӣ, ки fair play-ро дуруст риоя ҳам намекарданд, иловатан, сӯи Акмал Холматов дод ҳам мезаданд, ки чаро меафтад. Дарвоқеъ, дар дақиқаҳои охир, дар як бархӯрд бо Дурич дар ҷаримагоҳи Сингапур Акмал Холматов афтид ва аз довари австралиягӣ ба ҷои пеналти корти зард гирифт.

Дар оғози қисми дувум, фикр мекардӣ, ки ин Сингапур аст, ки ба гол задан ниёз дорад. Каме баъдтар, пас аз як зарбаи хеле хуб, аммо бебарори Акмал Холматов ибтикори бозӣ нисбатан ба дасти Тоҷикистон гузашт. Баъди ба майдон баромадани Дилшод Восиев ва Самад Шоҳзуҳуров бартарияти бозигарии мизбонон бештар эҳсос мешуд. Бартарияте, ки бе натиҷа анҷом ёфт.

Ҳарду тим метавонистанд, ки дар ин бозӣ пирӯз оянд. Дар дақиқаҳои ахир Дурич ва Комил Саидов имкони голзанӣ доштанд, аммо истифода бурда натавонистанд. Ҳамин гуна, бозӣ бо ҳисоби 1-1 анҷом ёфт ва акнун Сингапур ба пеш меравад.

Вале мо ба куҷо меравем?

Мушоҳида мешавад, ки дар ҳар сабқати Ҷоми Ҷаҳон монеаҳои Тоҷикистон торафт тимҳои заифтар мегарданд. Агар дар ду сабқати аввалаи Тоҷикистон (1998 ва 2002) мутаносибан Чин ва Эрон – ду тими қавии Осиё пеши роҳи Тоҷикистонро гирифта буданд, дар сабқати соли 2006 Тоҷикистон дигар аллакай бо Баҳрайну Сурия низ рақобат карда натавониста буд. Ва ҳамакнун, ин навбат Сингапур.

XS
SM
MD
LG