Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар талоши интиқоми бохт


Имрӯз, 18 ноябр, тими миллии футболи Тоҷикистон барои роҳхат ба даври ояндаи сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2010 талош хоҳад кард.

Бозӣ бо Сингапур соати 13.00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳии марказии пойтахти Тоҷикистон оғоз мешавад.

Дар бозии нахуст дар меҳмонӣ, тими Тоҷикистон бо ҳисоби 0 – 2 шикаст хӯрда буд. Ҳамакнун, барои ба даври саввум гузаштан бозигарони тоҷик бояд бо таносӯби на камтар аз се гол пирӯз оянд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими футболи Тоҷикистон ба ҳайъати тим барои бозии имрӯз, ҳамчунин, Акмал Холматов – капитани дастаи «Нефтчӣ»-и Фарғона, ва бозигарони ҷавон Фатҳулло Фатҳуллоев, Комил Саидов, Дилшод Восиев ва Самад Шоҳзуҳуровро, ки ба Сингапур нарафта буданд, даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG