Соли ҷорӣ гузориши мазкур, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ таҳия шудааст, куллан вазъи занҳоро дар 128 давлати ҷаҳон ба баррасӣ гирифта, шароити кору зиндагии онҳоро аз чаҳор ҷиҳат арзёбӣ кардааст:
------- ширкати онҳо дар ҷараёнҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои онҳо;
-------- маълумотнокӣ;
-------- нуфузи сиёсӣ;
-------- вазъи беҳдошт ва сиҳҳатии занҳо.
Дар ҳоле, ки мақомҳои аввали ин феҳраст мисли порсола насиби чаҳор давлати аврупоӣ - Шветсия, Норвегия, Финландия ва Исландия шудааст, мақоми Тоҷикистон дар ин рӯйхат 79-ум мебошад.
Муаллифони ин гузориш мегӯянд, дар давлатҳои пешқадам занҳо дар баробари дастрасӣ ба таҳсил ва хадамоти беҳдошт, инчунин имкониятҳои фитриву ақлонии худро тавонистаанд ба таври муносиб дар риштаҳои сиёсату иқтисод ва барои беҳбуд бахшидани вазъи молиашон истифода кунанд. Хонум Саъдия Зоҳидӣ, раиси барномаи занҳо дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ва яке аз муаллифони ин гузориш аст. Вақте дар маросими муаррифии ин гузориш дар Ню-Йорк аз вай пурсиданд, ки нишондодҳои ғайримунтазираи ин гузориш дар чист, вай гуфт:
"Дар феҳрасти 20 давлати беҳтарин аз лиҳози вазъи занон Латвияву Литва қарор гирифтаанд, ки назар ба соли гузашта нишондодҳои онҳо ба маротиб беҳтар шудааст. Дар Латвия вазъи иқтисодии занҳо беҳтар шуда дар Литва занҳо дар парлумон ҳузури бештар ёфтаанд. Ва баръакс, дар зинаҳои поинтарини ин феҳраст ғолибан давлатҳои исломӣ қарор доранд: Туркия, Тунис ва Марокаш дар муқоиса бо мавқеи порсолаашон пассттар рафтаанд. Аммо дар зинаҳои поинтарини феҳраст инчунин як хабари хуш ҳам дорем дар бораи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Корея ва Арабистони Саъудӣ, ки назар ба нишондодҳои соли гузаштаи худ ба баъзе пешравиҳои нисбӣ даст ёфтаанд".
Гузориши марбут ба "Тафовутҳои ҷинсиятӣ" мегӯяд, дар Тоҷикистон аз 14 масоили мавриди таҳқиқ ба 12-тоаш посух гирифтаанд ва мисли дигар кишварҳо, дар ин ҷо ҳам ба маълумоти Созмонҳои ҷаҳонии кор ва беҳдошт, Дафтари рушди СММ такя кардаанд. Дар таҳқиқоти мазкур инчунин натиҷаҳои пурсише ҳам истифода шудааст, ки дар миёни 11000 раҳбарони сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои мухталифи хусусӣ дар саросари ҷаҳон анҷом ёфтааст.
Тибқи хулосаҳои ин гузориш, дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна занҳо дар 21-солагӣ хонадор шуда то 3-4 фарзанд ба дунё меоранд. Занҳои Тоҷикистон бештар дар риштаҳои иқтисодӣ фаъоланду дар корҳои сиёсӣ камтар ба назар мерасанд. Гузориш ҳокист, ки захоири меҳнатии бозори Тоҷикистон аз 50 дар сади занҳо ва 66 дар сади мардҳо иборат мебошад, дар ҳоле, ки даромади мардҳо ба ҳисоби миёна ду баробар бештар назар ба даромади занҳо будааст.
Аз назари дастрасӣ ба таҳсил гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҳокист, ки ҳудудан 73 дар сади занҳо ва 86 фоизи мардҳои тоҷик то ба пояи мактаби миёна таҳсил карда, баъдан танҳо 9 дар сади занҳо ва 26 фоизи мардҳо таҳсили худро дар мактабҳои олӣ идома медодаанд.
Аксари занҳо ба бунёди оила тарҷеҳ дода, аз кору фаъолият бозмемонанд. Дар натиҷа, дар фаъолиятҳои сиёсӣ имрӯз танҳо 18 дар садро занҳо ташкил медиҳанд, дар ҳоле, ки 83 фоизи корҳои сиёсиро дар Тоҷикистон мардҳо анҷом медиҳанд.
Гузориши мазкур ҳатто нишондодҳои миёни занҳои омӯзгорро дар кишвар ҳисоб карда гуфтааст, ки шумори занҳо дар синфҳои ибтидоиии мактабҳо ду баробар бештар назар ба омӯзгорҳои донишгоҳҳо будааст (мутаносибан 63 ва 32 %).
Дар ҳамин ҳол, баъзе масоиле будааст, ки таҳқиқоти "Тафовутҳои ҷинсиятӣ" натавонистааст ба онҳо посух диҳад. Ин масъалаи бисёрҳамсарӣ ва мизони бекорӣ дар миёни занҳову мардҳо дар Тоҷикистон мебошад. Рикардо Ҳаусман, муҳаққиқи донишгоҳи Ҳарвард ва аз муаллифони аслии ин гузориш мегӯяд, ки муҳимтарин ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи сиёсатмадорону мақомоти давлатҳо ба вазъи занҳо дар кишварҳояшон мебошад."Ба назари ман, ҳадафи асосии гузориши "Тафовутҳои ҷинсиятӣ" дар ин аст, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир шаваду баъдан дар сатҳи миллии ҳар кишвар роҷеъ ба роҳҳои муқобила бо мушкилоти дар ин ҷо зикршуда баҳсу баррасиҳо ташкил шавад".
Гузориши тозанашри Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мегӯяд, дар ҳоле, ки аксари куллии давлатҳои ҷаҳонӣ ба самти пешрафт ҳаракат мекунанд, имсол натиҷаҳои баъзе давлатҳо ғайримунтазира будааст. Масалан ИМА аз мавқеи 23-юм дар соли гузашта имсол ба ҷои 31-ум поин омадааст. Нишондодҳои занҳо дар ин кишвар назар ба Африқои Ҷанубӣ, Куба, Колумбия, Булғористон, Молдова ва Намибия бадтар шуда, танҳо як зина беҳтар аз Қазоқистон будааст.
Ҳаусман гуфт, дар Амрико ҳузури занҳо дар сиёсат коҳиш ёфта, феълан фақат 13 % аъзои Конгрессро занҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳоле, ки занҳои зиёд дар Амрико соҳиби кор ҳастанд, дар даромади онҳо бо мардҳо тафовутҳои зиёд мушоҳида мешавад ва ин боис мешавад, ки Амрико имсол дар мақоми поинтар қарор гирад, гуфт яке аз муаллифони гузориши "Тафовутҳои ҷинсиятӣ".