Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи интихобот дар Гурҷистон


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, рӯзи 5-уми январи соли 2008 дар кишвараш интихоботи зудҳангоми президентӣ барпо мешавад.

Ин эълони Саакашвилӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ин кишвар вазъияти фавқулодда эълон шуда, назорати хиёбонҳои Тифлисро нирӯҳои мусаллаҳ ба даст гирифтаанд.

Саакашвилӣ дирӯз, пас аз наздик ба як ҳафтаи намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти ин кишвар аввал дар Тифлис ва сипас дар саросари Гурҷистон барои 15 рӯз вазъияти фавқулодда эълон кард.

Саакашвилӣ Русияро дар таҳрик додани ин эътирозҳо айбдор кард, вале Маскав иттиҳомро рад намуд ва сухангӯи Вазорати умури берунаи Русия Михоил Каминин имрӯз гуфт, Гурҷистон ба як бӯҳрони ҷидди башарӣ моил шудааст.

"Мавқеъи мо аз он ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои асосии ҳуқуқи инсон, ниҳодҳои байнулмилал, монанди Созмони Милал, Шурои Аврупо, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд мақомоти Тифлисро ба қатъи зӯроварӣ ва шурӯъи эҳтироми комили ҳуқуқи инсон ва бидуни зӯр тибқи конститутсия ҳал кардани масъалаҳои дохилисиёсӣ даъват кунанд."

Тибқи охирин хабарҳо Русия мехоҳад, се дипломати гурҷиро аз Русия ихроҷ кунад. Маскав гуфтааст, ин иқдом дар посух ба ихроҷи се дипломати рус аз Гурҷистон гирифта шудааст.

Сарони оппозисюни Гурҷистон имрӯз гуфтанд, баъд аз задухӯрдҳои рӯзи чоршанбе, ки дар онҳо полис аз гази ашковар, обзан ва тирҳои резинӣ истифода кард, тазоҳуротро қатъ кардаанд.

Паймони Атлантики Шимолӣ Гурҷистонро барои эълони вазъияти фавқулодда ва бастани расонаҳои гурӯҳии мустақил ба дунболи саркӯби хушунатомези тазоҳуркунандагон дар Тифлис мавриди танқид қарор дод. Дабири кулли паймон, Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, ончи дар Гурҷистон мегузарад, мояи нигаронии махсус аст ва ба арзишҳои НАТО ҷавобгӯ нест.

Дар ҳамин ҳол раиси Шӯрои Аврупо Террӣ Дейвис ҳамаи тарафҳои зидахли гурҷиро ба хештандорӣ даъват кард. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба ин даъват шарик шуданд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико Шон Маккормак гуфт, ҳама гуна тафовутҳои сиёсӣ бояд дар доираи низоми сиёсии Гурҷистон ва бо роҳи осоишта ҳал шаванд. На ҳукумат ва на мухолифон бояд дониста ҳеч иқдоми таҳрикомезе нагузоранд, ки ба хушунат боис гардад. Вай аз тарафҳои гурҷӣ хост, ба муколамаи сиёсӣ бартарӣ диҳанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч гуфт, корбурди тирҳои резинӣ дар пароканда кардани тазоҳуроти Тифлис сӯистифода аз нирӯ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG