Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, бегоҳи рӯзи чоршанбе, баъди саркӯб шудани гирдиҳамоии мухолифин аз сӯи пулис тавассути гази ашковару тирҳои резинӣ ва калтакҳо, дар бораи эълони вазъи фавқулодда амр содир кард. Намоиши эътирозии ҷонибдорони аҳзоби мухолифини ҳукумат дар канори бинои порлумон рӯзи 2 ноябр шурӯъ шуд ва тақрибан 70 ҳазор нафар гирдиҳамомадагон интихоботи қабл аз вақт ба порлумон, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва истеъфои раисҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб мекарданд.
Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Гурҷистон, бар асари бархурди кормандони пулис ва нерӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон беш аз 500 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд. Мақомоти кишвар, ба ҷуз барномаҳои садову симои ҳукуматӣ, пахши барномаҳои дигар шабакаҳои радиову телевизиониро манъ карданд.
Бегоҳи дирӯз бинои ширкати телевизиони Имедиа, ки аз гирдиҳамоии мухолифин гузоришҳои мустақим пахш мекард, аз сӯи пулис ва хадамоти амниятӣ тасарруф шуд. Ба думболи ин Георгий Арвеладзе, вазири иқтисоди Гурҷистон, дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис гуфт, тибқи амр дар бораи вазъи фавқулодда, фаъолияти расонаҳои хабарӣ маҳдуд карда мешавад ва гап сари родиёву телевизион меравад ва на сари нашрияҳо. Ӯ афзуд, ташкили гирдиҳамоиҳо ва нашри ахбор тавассути радиову телевизион маҳдуд хоҳад шуд.
Тибқи Қонуни асосии Гурҷистон, амр дар бораи вазъи фавқулодда ба таври оҷил татбиқ мешавад ва аммо бояд тайи ду рӯзи минбаъда аз сӯи порлумон пазируфта шавад. Саркӯбшавии гирдиҳамоии мухолифин ҳам дар Гурҷистон ва ҳам дар хориҷи кишвар сару садои зиёде барангехт. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар - Ҳумайн Райтс Вотч “сӯиистифода аз нерӯ аз сӯи ҳукумат”-ро маҳкум кард ва изҳор намуд, ки мақомот барои маҳдуд сохтани озодиҳои бунёдии мардум ҳақ надоранд.
Раҳбарони кишварҳои хориҷӣ аз ибрози назар дар мавриди бӯҳрони Гурҷистон худдорӣ карданд ва фақат ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва таҳаммул даъват намуданд. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида Гордон Ҷондрой аз ҳукумат ва мухолифини Гурҷистон хост, ки аз хушунат парҳез кунанд ва сари музокироти созанда нишинанд. Ҳавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор намуд, ки ихтилофоти сиёсӣ бояд дар чаҳорчӯби меъёрҳои демократӣ ҳаллу фасл шаванд. Як сухангӯи Солана хабар дод, ки Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, рӯзи ҷумъа фиристодаи вижа оид ба минтақаи Қафқози Ҷанубӣ Питер Семнебиро барои машварат дар бораи вазъи Гурҷистон ба Тифлис фиристад.
Ва аммо вокуниши Маскав дар робита ба ҳаводиси ахири Тифлис шадидуллаҳн буд, зеро Михаил Саакашвилӣ дар ташкили бенизомиҳои кишвараш Русияро муттаҳам кард. Ӯ зимни суханронӣ тавассути телевизион гуфт, ки гирдиҳамоиҳо аз сӯи Кремл таҳия шудаанд ва ҳадафи онҳо то охири сол сарнагун кардани ҳукумати феълии Гурҷистон мебошад. Ба думболи ин Тифлис дар бораи ихроҷи се дипломати рус аз кишвар тасмим гирифт. Вазорати хориҷаи Русия иттиҳомоти Тифлисро “иғвои бемасъулиятона” номидааст.