Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи равғани рустанӣ ва пайомадҳои он


Болоравии қимати маҳсулоти ғизоӣ бештар ба камбизоатон таъсири амиқ расонид
Болоравии қимати маҳсулоти ғизоӣ бештар ба камбизоатон таъсири амиқ расонид

Ахиран нархи равғани рустанӣ дар Тоҷикистон то ҳудуди 100 дарсад афзуд, ки таъсири манфии онро намояндагони қишри камбизоати ҷомеа амиқтар эҳсос намуданд.

Дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нархи як литр равғани рустани ба 7-8 сомонӣ расидааст. Акнун як литр равғани рустании истеҳсоли Русия, Эрон ва Қазоқистон, ки рӯзе қабл 4 сомониву 50 дирам арзиш дошт, 9 сомонӣ аст.

Равғанфурӯшон сабаби афзудани нархи равғани рустаниро дар баланд шудани қимати он дар Узбакистони ҳамсоя маънидод мекунанд. Гуфта мешавад, дар Узбакистон феълан кимати 1 литр равғани рустанӣ ба 12 сомонӣ расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоҳир Назаров, як тоҷири бозори «Баракат»-и шаҳри Душанбе, феълан баъзе тоҷирон равғанро бо роҳи қочоқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон мебаранд: «Сабаби баланд шудани қимати равғани рустанӣ он аст, ки равғани моро ба Узбакистон мебаранд, чунки дар онҷо ҳозир нархи равғани рустанӣ баробари 12 сомонӣ шудааст ва, албатта, ин ҳаннотон фоидаи калон мекунганд». Т. Назаров ҳамчунин хотиррасон кард, ки дар гузаштаи начандон дур равғани рустанӣ ба Тоҷикистон маҳз аз Узбакистон ворид мешуд.

Одил Олимшоев, коршинос дар умури иқтисод, омилҳои дигари болоравии қимати равғани рустаниро чунин шарҳ дод: «Ба афзоиши қимати равғани рустанӣ, пеш аз ҳама, тамом шудани чигитҳои пахта, ки аз соли гузашта монда буданд, мусоидат кардааст. Зеро чигити имсолаи пахта барои истеҳсоли равған истифода нашудааст. Дигар, афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ ва болоравии қимати маҳсулоти хӯрданӣ ба монанди орду гӯшт низ бетаъсир намондааст, ва, чун тоҷирони равған диданд, ки қимати маҳсулоти дигар афзудааст, нархи равғанро низ онҳо афзоиш доданд. Сабаби дигари ин вазъ он аст, ки дар корхонаи равғани Душанбе истеҳсоли равған кам шудааст, ва, дар баробари ин, мақомоти қудратии Тоҷикистон пеши роҳи истеҳсоли ғайрисаноатии равғани рустаниро гирифтанд. Ин ҳама сабаб шудаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли равған дар Тоҷикистон кам шуда, нархи он боло равад».

Вале, дар ҳоле ки гарон шудани нархи равғани рустанӣ сокинони Душанбе ва умуман кишварро нигарон кардааст, дар вазорати иқтисоди ҷумҳурӣ аз боло рафтани қимати равған дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ намуданд.

Коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ба дунболи дар як моҳи ахир аз 70 то 100 дарсад афзудаани нархи орду гӯшт ва дигар махсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон болоравии қимати равғани рустанӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар кишвар маошу нафақа ҳамоно наафзудааст ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита то ҳол тадбире наандешидааст.

Саид Назаров, як сокини пойтахт, чунин шикоят мекунад: «Аз куҷо тавони мо барои хариди равған мерасад? Қариб мондааст, ки моро бикушанд, нафақаи ман 20 сомонӣ аст. Шумо бигӯед, ки ҳамин 20 сомонӣ ба чи мерасад? Нафақаи ман ба як собуни танҳо намерасад – харидани орду дигар анвоъи хурданӣ он тараф истад. Намедонам, мақсади ҳукматдорон чи асту чи мехоҳанд».

XS
SM
MD
LG