Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ: 30 хонавода бе манзил монд


Кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), бо дастури ҳукумати шаҳр аҳли беш аз 30 хонаводаро аз манзилҳояшон берун карданд.

Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров дар робита ба ин қазия мегӯяд, ин хонаводаҳо ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди даргириҳои дохилӣ аз дигар манотиқи кишвар ба шаҳри Хоруғ кӯчидаанд ва биноҳои идораву муассисаҳои давлатиро ҷои иқомати худ қарор додаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баъд аз истиқрори сулҳ бештари гурезаҳо ба макони зисти доимии худ баргаштаанд, аммо наздики 50 хонавода ҳанӯз ҳам дар биноҳои муассисаҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд ва акнун ҳукумат маҷбур аст онҳоро берун созад. Ба гуфтаи А. Холиқназаров, ҳукумати шаҳр феълан имкони бо замин ва манзили зист таъмин кардани ин 30 хонаводаро надорад.

Гуфта мешавад, дар давоми 9 моҳи соли равон беш аз ҳазор сокини Хоруғ барои дарёфти манзили нав ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд, вале бо сабаби набуди имкон талаби ҳеҷ як аз ин шаҳрвандон иҷро нашудааст.

Дар ҳамин ҳол ин хонаводаҳо имкони бозгашт ба макони зисти доимиашонро низ надоштаанд. Бино бар ҳикояти як ҷавонмарди бадахшонӣ бо номи Шодибек, ки мегӯяд ҳамроҳ бо се бародараш тақрибан 15 сол дар яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Хоруғ иқомат доштааст, манзили ӯро дар шаҳри Душанбе дар ибтидои даргириҳои маълуми кишвар афроде ишғол карда, баъдан ҳам онро ба ашхоси дигар фурӯхтаанд.

Вазъи феълии аҳли ин хонаводаҳо ҳамоно номаълум боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG