Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон тасмим дорад, як ҷо бо Вазорати фарҳанги кишвар ва Кумитаи телевизион ва радио сарояндагони муосирро дар 3 майи соли ҷорӣ ба ҳам биёрад ва мушкили суруди сарояндагони муосири тоҷикро мавриди баррасии амиқ қарор диҳад.
Ин тасмим ба дунболи он гирифта шудааст, ки аксари аҳли фарҳанги кишвар аз мӯҳтаво ва сатҳи сурудҳои ҳунармандони муосир шикоят доранд ва ағлаб бар онанд, ки матни сурудҳои аксари ин ҳунармандон аз вазну қофия ва маънӣ орист. Камол Насруллоҳ, шоири тоҷик ва яке аз мунаққидони суруди ҳунармандони муосири кишвар мегӯяд, иллати аслии паст ва камарзиш будани мӯҳтавои сурудаҳои ҳунармандон дар он аст, ки онҳо завқи интихоби сурудро надоранд ва ҳар суруди пасту каммазмунро бо оҳанге ҷур мекунанд ва месароянд. Ва аммо бар изофа чанде аз онҳо барои худ суруд менависанд, ки ҳатто хандаовар ба назар мерасад, мегӯянд коршиносон.
Камол Насруллоҳ, шоири тоҷик махсусан ба матни суруди «Гиря макун, азизакам» суруд сахт эрод гирифта буд, бо шумули чанд суруди дигар. Вале Ғолибҷон Юсуфов, сарояндаи ин суруд ва сарвари гурӯҳи Эҳсон, ки феълан барои қатли ҳамасараш зиндонист, он замон эроди оқои Насруллоҳро эътироф накард ва мегуфт, шояд худи шоир иштибоҳ мекунад.
Воқеан, ин қабил сурудҳо, ки муаллифони онҳо худи сарояндаи суруд аст, як замон мӯд шуда буд ва ҳар яке аз сарояндагон, сарфи назар аз он ки ҳатто аз вазну қофия огаҳ ҳастанд ё на, барои худ суруд менавиштанд, месуруданд ва ҳатто дар саҳнаи телевизиону радиоҳои давлатӣ роҳ меёфтанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, чун ин таҷовузи суруди тоҷикӣ аз ҳад гузашт, якбора аз тариқи васоити ахбори омма ин қабил сарояндагону ҳунармандон ва суруди онҳо зери интиқоди шадид қарор гирифтанд.
Бахтиёри Иброҳим, яке дигар аз сарояндагони ҷавон, ки ҳатто матни албоми нахустинашро комилан худи ӯ навишта буд, мегӯяд, он замон сахт иштибоҳ карда буд, ки худ матн эҷод кард. Зеро, мегӯяд, баъдан дарк кард, ки эҷоди суруд на кори ҳар кас аст, зеро ин сурудҳо дар ҷомеа паҳн мешавад ва ин матни харобу пуриштибоҳ забону маънавиёни ҷавононро то ҳадде тахриб месозад. Вале оқои Иброҳим як иллати дар он замон ба суруднависӣ даст задани худро ба он марбут медонад, ки завқи интихоби сурудҳои баландпояро надоштааст. Вале акнун мегӯяд ин иштибоҳҳо дар ҳунараш роҳ надоранд.
Ва аммо ҳанӯз шоирони тоҷик шиква аз он доранд, ки равобити ҳунармандону сарояндагон бо шоирон ҳудудан вуҷуд надорад ва сабаби аслии рахна бар маънии суруди онҳо шудааст. Ҳабибулло Нозирӣ, шоири тоҷик ва яке аз адибоне, ки ба эҷоди суруд таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва дар гузашта низ бо ҳунармандони маъруфи эстрадаи кишвар Кароматулло Қурбонов, Махфират Ҳамроҳқулова ва чанди дигар ҳамкории наздик дошт, мегӯяд, усули бар пояи мусиқӣ эҷод намудани сурудро ӯ ҳанӯз бо шодравон Кароматуллоҳи Қурбон шурӯъ карда буд. Ва имрӯз низ идома медиҳад. Аммо мегӯяд ин ҳамкории сарояндагони ҷавон бо ӯ чандон устувор нест.
Агар як сабаби паст будани мазмуни суруди бархе аз сарояндагони муосири тоҷик завқи интихоб надоштани онҳо бошад, иллати дигар ва аслӣ ба андозаи заҳмат қадр нашудани заҳмати шоирон будааст. Масалан дар Русия барои эҷоди як суруди фармоишӣ шоир ҳудуди 800 доллар ва аз он ҳам бештар талаб мекунад ва дар зимн қарордод ҳам дорад, аммо ин усул дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.
Дар замони Шӯравии собиқ дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон идорае мавҷуд буд, ки ҳаққи қалам ва ё гонорари ҳар суруди иҷрокардаи ҳунармандро қисмат мекард. Ҳунарманд ҳаққи ҳунари овозхонӣ, оҳангсоз барои мусиқӣ ва шоир барои сурудаш. Ин дар ҳоле буд, ки ҳунарманд он сурудро ба шоир на фармоиш медод, балки аз эҷодиёти ӯ интихоб мекард. Ва ҳуқуқи муаллифи матн ё суруд нақз намешуд.
Феълан низ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Оҷонсии ҳуқуқи муаллиф фаъол аст. Аммо дар ин авохир кадом шоире ба ин оҷонсӣ муроҷиат накардааст, ки кадом як сароянда бар матни сурудаш оҳанг баставу сурудааст ва ҳаққи заҳматашро напардохтааст. Ҳатто агар он суруд ба сарояндае шӯҳрати зиёд овардааст. Шоирони мо мегӯянд, ин аз рӯи одоб нест ва меафзоянд, шарм мекунанд.