Дар пайи ду рӯзи эътирозот дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшони Тоҷикистон, акнун вазъият дар он шаҳр ором ва одӣ тавсиф шудааст.
Барканории Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, маъруф ба Боқир, сарҳанги кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, боъиси таҷаммуъи шуморе аз мардум дар баробари сохтмони устондорӣ тайи рӯзҳои 17 ва 18 август шуд.
Муътаризон хостори истеъфои Алимаҳмад Ниёзмаҳмадов, устондори Бадахшон, шуданд, ки дастури барканории оқои Боқирро додааст. Бино бар ҳамин гузоришҳо, оқои Ниёзмаҳмадов дастури боздошти оқои Боқирро низ содир карда буд, аммо эътирозоти густардаи мардум монеъ аз боздошти ӯ шудааст.
Ин эътирозот дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон гузориш нашуд. Рӯзноманигорони маҳаллӣ дар тамоси телефунӣ бо родю Озодӣ вазъияти имрӯз (20 август) дар Хоруғро ором ва одӣ арзёбӣ карданд.