Хуршеда Султонова - тифли нӯҳсолаи тоҷик, ки дар моҳи феврали соли 2004 дар Санкт - Петербург зери теғи скинхедҳо ва ё сартарошидаҳои рус ҷон дод, ҳамакнун соҳиби саҳифаи вижаи худ дар шабакаи Интернет гардид. Веб - сайти www.vatanweb.de як саҳифаи вижаи худро ба Хуршеда Султонова бахшидааст. Дар ин саҳифа http://vatanweb.de/khurshedajon.html аксҳои Хуршеда, матолиби расонаҳои хабарӣ дар бораи ӯ ва бахше барои изҳори андеша ҷо дода шудааст.
Танҳо дар ду рӯзи нахуст, чаҳор нафар бо надомат аз марги ин тифл ба қотилон нафрат хондаанд. Дар саҳифаи нахусти ин веб - сайт омадааст, ки он дар бораи Хуршеда аст, духтарчаи оддии тоҷике, ки бо дасти миллатгароёни рус кушта шудааст. Дар он ҷо ҳамчунин навишта шудааст, Хуршеда, мо туро фаромӯш накардаем.
Хусрав, созандаи ин сайт гуфт, ӯ бо оилаи Хуршеда шинос нест ва ҳадафи ӯ аз сохтани ин сайт танҳо гузоштани нишонае аз Хуршедаҷон аст. Ин қисса набояд фаромӯш гардад, гуфт Хусрав.
Хуршеда Султонова - духтарчаи нӯҳсолаи тоҷик дар моҳи феврали соли 2004 ҳангоми бозгашт аз сайругашт ҳамроҳи падараш ва амузодаи 11-солааш ба ҳуҷуми наврасони скинхед мувоҷеҳ гаштанд. Баъдан, дар тани Хуршеда, ки дар ҷои ҳодиса ҷон дод, 11 захми корд ёфтаанд.
Ҳумойюни Шаҳриёр, Душанбе