Латофат Назирова номзад аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, ӯро нобасомониҳои чанд соли ахири ҷомеаи кишвар ва вазъи ногувору сангини занону кӯдакон водор кардааст, ки ба сиёсат ворид шавад. Вай мегӯяд, дар ин шароит бетарафӣ ихтиёр кардан хиёнат ба миллат мебошад.
Латофат Назирова ҳамчунин афзуд, барои ӯ ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти порлумони кишвар мавқеи занони намоянда дар Маҷлиси Олӣ, ки аз 10 нафар иборат будаанд, рӯшан нест: "Масалан дар матбуот ман қариб, ки чизеро дар бораи фаъолияти ин намояндагони мардумӣ нашунидаам, нахондаам."
Латофат Назирова мегӯяд, вай дар барномаи пешазинтихоботии худ масоили иҷтимоии ҳаёти мардумро дар мавқеи аввал гузоштааст, зеро дар мулоқоту вохӯриҳо бо райъдиҳандагон занон бештар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеъаро аз ӯ ҳамчун номзад ба Маҷлиси Намояндагон тақозо мекунанд. Аммо бархе аз номзадҳои зан нисбат ба кори ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ташкили маъракаи пешазинтихоботӣ ва рафти вохӯриву мулоқотҳо дар ҳавзаҳову қитъаҳои интихобот изҳори норизоӣ карданд.
Ба гуфтаи эшон ба ҷуз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким, номзадҳои аҳзоби сиёсии дигар аз шароити мусоид бархурдор нестанд. Ба ҳамин тартиб аз 167 номзад дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон 31 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин миён 17 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ пешбарӣ шудаанд.