Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро як зан пас аз 20 соли зиндагии муштарак шавҳари худро бераҳмона кушт?


Дар Кӯлоб як зан бо иттиҳоми куштори махсусан бераҳмона зиндонӣ шуд. Зулайхо Одинаева, сокини деҳаи Файзободи Боло бар асари як низоъи оилавӣ шавҳари худ, Ҳасан Абдуллоеви 49-соларо чаҳор бор корд задааст. Абдуллоев пас аз як ҳафтаи беҳушӣ дар беморхонаи марказии Кӯлоб фавтидааст. Аммо ташхис муайян кард, ки дар бадани Ҳасан Абдуллоев 7 захми корд аст. Алӣ Абдуллоев-бародари мақтул гуфт, ҳамин зан чанде қабл се бор ба шавҳар корд задааст, аммо пулис ӯро аз баъди чанде дубора аз маҳбас озод кард. Дар пулис гуфтанд ин ҳодисаро дар ёд надоранд. Кормандони пулис гуфтанд, Зулайхо Одинаева, таъйид кардааст, ки бар асари як хушунати оилавӣ шавҳарашро бо дасти худаш куштааст. Зулайхо Одинаева гуфтааст, ки пас аз шунидани издивоҷи дигарбораи шавҳар, ба ҷони ӯ қасд кардааст. Шоҳидон мегӯянд, зиндагонии бистсолаи Зулайхо Одинаева ва Ҳасан Абдуллоев самар надод ва онҳо соҳиби фарзанд нашудаанд. Ҳасан Абдуллоев ба истилоҳи мардумӣ худро озмуданӣ шуда, ба як хонуми ҷавон издивоҷ карда, соҳиби фарзанд гардид. Ин хабар сабаби куштор гардидааст. Тибқи иттилоъи расмӣ дар Хатлон тӯли як сол беш аз бар асари хушунат дар оила 40 нафар худкушӣ карданд, ки ҳамаи онҳо зан будаанд ва аммо нахустин бор зане бар асари рашк шавҳари худро куштааст.

XS
SM
MD
LG