Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳи қочоқбари муташаккил


Хабаргузориҳои русӣ ("Регнум", "РосБалт", "ГазетаРу", "Новости") аз қавли мақомоти Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия (ФСКН) дар бораи боздошти 21 узви як гурӯҳи азими қочоқбари маводи мухаддир ва ва кашфу мусодираи 26 кило ҳероин дар ноҳияи Красногорски вилояти Маскав хабар додаанд.
Гуфта мешавад, амалиёти боздошти қочоқбарон шаби чоршанбе ба панҷшанбе, 25 ноябр сурат гирифта, раҳбари ин гурӯҳ сокини 33-солаи шаҳри Душанбе Иброҳим Камолов, мулаққаб ба "Боим" низ боздошт шудааст.
Мақомоти Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия бар ин боваранд, ки гурӯҳи Боим тақрибан 10 сол боз ба қочоқи маводи мухаддир ба Русия машғул буд ва солона ба бозори сиёҳи маводи мухаддири он кишвар то 6 тонна ҳероин ворид мекард.

Дар баҳои чунин мақодири ҳангуфти маводи мухаддир қочоқбарон дар Русия манзилу ҳавлӣ, тарабхонаву мағоза ва мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро харидорӣ мекардаанд.
Мақомоти русӣ мегуянд, бо боздошти аъзои ин гурӯҳ як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи Русия аз байн бурда шуд.
Бар зидди афроди боздоштшуда бо иттиҳоми тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва шустушуи пул парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG