Маркази танзими оилаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди зиёди тифлони навзоди тоҷик аз батни модар бо бемориҳои сироятӣ таввалуд мешаванд, ки он метавонад, сабаби рушди нодурусти атфол шавад.
Ба гуфтаи табибон, ин тифлон ҳанӯз дар батни модар бо бемориҳои мухталифи сироятӣ, аз қабили бемории оташак, сӯзок, бемории хлоемедия, токсоплазмос гирифтор мегарданд ва иддае аз онҳо бинобар ин иллатҳо ноқис таввалуд мешаванд.
Аммо чаро модарон андешаи онро намекунанд, ки бемориҳои вуҷуди онҳо хатари бисёре ба тифлонашон хоҳад дошт. Табибони тоҷик мегӯянд, чун ин бемориҳо аз худ ба зудӣ дарак намедиҳанд ва зоҳиран беморро он қадар нороҳату дардманд намесозанд, волидайн ба ин бемории худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва саривақт аз ташхиси тиббӣ ҳам намегузаранд. Агарчӣ мегӯяд Шамсиддин Қурбонов, роҳбари Маркази танзими оила ин бемориҳо дар натиҷаи идомадор мондан метавонад, фардро безурёт кунанд ва ба қобилияти фикрониву инкишофи тифл низ таъсири ҷиддии манфӣ расонанд.
Вай меафзояд: "Вақте ки кӯдак бо оташаки модарзодӣ таввалуд мешавад, вай пеш аз ҳама ба узвҳои асосӣ, ба ҷигар, дил, рагҳои хунгард, ба устухон ва мағзи сар таъсири манфӣ мерасонад."
Оқои Шамсиддинов модаронро дар беандешагӣ аз ояндаи атфоли худ айбдор мекунад ва мегӯяд, ҳар модар пеш аз он, ки мехоҳад фарзанддор шавад, бояд аз ташхиси тиббӣ бигзарад, то муайян кунад, ки қобилияти таввалуд дорад ва фарзанди ӯ бемор ба дунё нахоҳад омад. Тибқи тадқиқоте, ки ахиран Маркази танзими оилаи назди вазорати беҳдошт, доир ба занони қобили таввалуд дар вилояти Хатлон доир намудааст, аз миёни 400 нафар зани ҳомиладор беш аз 40 фоизаш бемориҳои сироятӣ доштаанд.
Аммо сабаби гирифтории модарони бечора ба бемориҳои сироятӣ чист? Яке аз сабабҳои асосиаш мардон ҳастанд мегӯяд Шамсиддин Қурбонов. Чун ӯ дигар табибони тоҷик низ муҳоҷирати кории мардон ва бепарвофалакии онҳо нисбат ба сиҳатии худро сабаби гирифтории занон ба бемориҳои сироятӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, ин мардон ба ҳар гуна беморӣ мепечанд, бо онҳо бармегарданд ва бидуни ташхис боз аз нав ҳамроҳи ҳамсарашон мемонанд ва онҳоро низ бемор мекунанд.
Аммо сабаби дигари хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистонро ҳамчунин дар маҳдуд будани имконияти ташхис барои мардум мешуморанд, зеро имрӯз на ҳама имкон доранд, ки аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ва ин норасоиро сабаби афзудани шумораи гирифторони бемории кушандаи СПИД ва вируси он дар Тоҷикистон низ медонанд. Гуфта мешавад, шумораи онҳо дар ин кишвар дар 5 соли ахир 10 маротиба зиёдтар шудааст, ва имрӯз шумораи ин беморон ба 300 нафар расидааст. Мутахассисону табибон як роҳи камхарҷи ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориро дар боло бурдани маърифатӣ беҳдоштӣ раҳандозии барномаҳои тарғиботй мебинанд, ки тибқи онҳо бояд дар байни ҷомеа фаҳмондадиҳӣ ва ҳамчунин ташхисҳои ройгон ба роҳ монда шавад.