Раҷаби Мирзо - сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи Нав", як нашрияи мустақили Тоҷикистон шоми рӯзи 29 июл аз сӯи ашхоси номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, бар асоси ташхиси тиббӣ аз ноҳияи сар ва тахтапушт ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Як корманди шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба хотири халал наафтодан ба ҷараёни тафтишот нахост номаш ифшо шавад, гуфт, оқои Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» бо ҷисми хуншор, бе кӯмаки нафаре ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳия муроҷиат кардааст: "Рӯзи 29 июли соли равон тахминан соатҳои 11-и шаб дар назди истгоҳи автобус, воқеъ дар кӯчаи Федина 18 / 10 шахси номаълуме рӯ ба рӯи Раҷаби Мирзо баромада, бо зарбаи асбоби номаълуме уро захмӣ кардааст. Ҳангоме, ки ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кард, кормандони шӯъбаи милиса ӯро ба беморхонаи Қарияи Боло бурда ёрии аввалин расониданд. Дар ҳоли ҳозир корҳои ҷустҷӯӣ нисбат ба ашхоси гумонбаршуда идома дорад."
Ҳамин намояндаи шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Сино мегӯяд, натиҷаҳои аввалияи тафтишоти ҳодисаи мазкурро ҳанӯз рӯшан накардаанд, ки ин як амали сӯиқасд ба ҷони сардабири рӯзнома аст, ё як амали авбошӣ.
Вазъи саломатии сардабири рӯзнома Раҷаби Мирзо ба ҳадде буд, ки ҳозир нашуд ба суолҳои мо посух диҳад. Фахриддини Холбек, муовини ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» мегӯяд, дар чанд моҳи соли равон ин дуввумин ҳодисаи ба гуфтаи ӯ сӯйиқасд ба ҷони Раҷаби Мирзо мебошад, ки ба интишори мақолоти интиқодии рӯзнома марбут аст.
Оқои Холбек меафзояд, чунин амал ба ҷони сардабири рӯзнома ва Нуруллои Исмат, тарроҳи ҳафтанома моҳи январи соли равон, дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта буд ва Раҷаби Мирзо бар он эътиқод дорад, ки аз исми фармоишгарони ин суиқасдҳо огаҳ аст.
Оқои Фахриддин гуфт, ба хотири ба сиёсати давлати Тоҷикистон изҳори нобоварӣ ҳосил накардани мардум, он замон аз ифшои сӯиқасд худдорӣ кардем: "Худи сармуҳаррир ҳамчун шоҳиди воқеа ба чунин ақида аст, ки ин сӯиқасд хусусияти фармоишӣ дорад. Вақте ман бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам, ӯ изҳор дошт, ки чунин сӯиқасд моҳи январ дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта буд ва ӯ тахмин мекунад, ки фармоишгарони ин сӯиқасдҳо кист. Мо метавонем изҳор дорем, ки ин сӯиқасдҳо бо маводе, ки дар ҳафтанома чоп шуда буд, иртибот доранд. Умед дорем, ки ҳукумат ва мақомоти дахлдори кишвар ба қазия рӯшанӣ андохта метавонанд."
Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» бо як баёния ба унвони президенти Тоҷикистон, раиси парлумони ин кишвар, вазирони амният ва умури дохила, додситони кулли Тоҷикистон, намояндагиҳои СММ, САҲА, кулли сафоратхонаҳои муқими Душанбе ва аҳзобу созмон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Оқои Рачаб дар ин баёния ин амалро ба ҷони худ сӯиқасд дониста, онро сирф сиёсӣ мешуморад.
Ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аст, ки ба ақидаи коршиносон дар мақолоти он озодии сухан бештар эҳсос мешавад. Ин рӯзнома, ки бунёдгузори он низ Раҷаби Мирзо мебошад, аз моҳи августи соли гузашта мунташир мешавад. Ва дар ин миён ба далели сабки интиқодомези мақолот чанд даъфа дар нашри он мушкил пеш омадааст.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе