Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои таҳсил ба забони модарӣ дар Қирғизистон


Қодири Муруват-раиси ҷумъияти тоҷикони ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар Бишкек
Қодири Муруват-раиси ҷумъияти тоҷикони ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар Бишкек

Дар солҳои ахир дар деҳоти тоҷикнишини Қирғизистон синфҳои тоҷикӣ дубора боз шудаанд ва акнун таълим дар инҷо ба забони тоҷикӣ сурат мегирад.

Вале баъд аз фурӯпошии шӯравии собиқ тақрибан 10 сол синфҳои тоҷикӣ баста буданд ва тоҷикон таҳсили худро дар синфҳои узбакӣ оғоз карда буданд. Ҳоло чунин бармеояд, ки дар баъзе оилаҳо фарзандони калони як падару модар дар синфҳои узбакӣ ва фарзандони хурдӣ дар синфҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Дар як мусоҳиба бо Қодири Муруват-раиси ҷумъияти тоҷикони ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар Бишкек аз вай сабаби инро пурсидам:

Ҷавоб: Дар се соли ахир фаъолияти тоҷикон густариши бештар пайдо кард ва дар ин муддат мо муваффақ шудем, ки ба манзури эҳёи дубораи синфҳои тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон, аз ҷумла дар вилояти Ботканд, дар деҳаи Учқурғони ноҳияи Қадамҷой дар ин се соли ахир дар деҳаи Учқурғон дар мактабҳои ба номи Рӯдакӣ, Абдукраҳмони Ҷомӣ дубора баъд аз 10 соли таътил, синфҳои тоҷикӣ кушода шаванд. Ҳоло дар ин мактабҳо аз синфи якум то синфи севвум дарсҳо ба забони тоҷикӣ бурда мешаванд.

Суол: Оқои Муруват, дар ҳамин даҳ соле, ки синфҳои тоҷикӣ баста буд, фарзандони аҳолии тоҷикзабон ба кадом синфҳо қабул мешуданд ва дарс мехонданд?

Ҷавоб: Муттаасссифона, баъди як муддат, ки мушкилот ҳам дар Тоҷикистон буд ва ҳам бо Қирғизистон робитаҳо заиф шуд, баъзе синфҳои тоҷикии мактабҳои Учқурғон, ки 23 000 тоҷикон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, аксар ба синфҳои узбакӣ рафтанд ва фарзандони тоҷикон дар ин ҷо ба забони
Нашрияи тоҷикони Қирғизистон
узбакӣ таҳсил мекунанд. Ин мавзӯъ моро водор кард, ки ба он таваҷҷуҳ кунем. Падару модарон далел меоварданд, ки ашёи таълимӣ ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад ва маҷбуранд, ки фарзандонашонро ба синфҳои узбакӣ диҳанд. Миёни вазорати маорифи Қирғизистон ва Бонки Осиёии Рушд барномае ҳаст барои рушди маориф ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ. Фаъолони ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон тавонистанд, ки дар ин муддат беш аз 16 номгӯй китобҳоро барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон тарҷума кунанд ва онҳо ҳоло ба нашр расидаанд ва ба мактабҳои тоҷикӣ ба таври ройгон дода мешаванд.

Суол: Заминаи дубораи ба синфҳои тоҷикӣ пазируфтани фарзандони тоҷикон чӣ буд?

Ҷавоб: Фаъолони ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон аз ҳар ҷиҳат, масалан, сӯҳбат бо волидайну бо фаъолони ин деҳкадаҳо онҳоро моил карданд, ки дубора ба мактабҳои тоҷикӣ рӯй оранд. Ман як нуктаи дигарро низ мисол меорам, ки мо дар давоми ду соли ахир тавонистем 50 нафар хатмкунандагони мактабҳои тоҷикиро аз тариқи вазорати маорифи Тоҷикистон ба донишгоҳҳои олии Душанбе ва Хуҷанд бифиристем. Ин ҳам яке аз ангезаҳое шуд, ки дубора падару модарон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва ҳоло бо камоли майл омодаанд, ки фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ бидиҳанд ва фарзандонашон забони тоҷикиро биомӯзанд. Ба қавли устод Шарифҷони Учқурғонӣ-яке аз сутунҳои асосии фарҳангу забони тоҷикӣ дар вилояти Ботканд, боз шудани чунин синфҳо боис мешавад, ки забони тоҷикӣ дар ин минтақа ба забони хонагӣ табдил нашавад ва фарзандони тоҷикон битавонанд, ки забони модарии худро дар сатҳи зарурӣ биомӯзанд ва дар оянда барои рушди ин забон онҳо кӯмак кунанд.

Суол: Оқои Муруват, шумо гуфтед, ки дар давоми ду сол 50 нафар ба таҳсил фиристода шуданд. Фикр намекунед, ки ин 50 нафар ҳамаи эҳтиёҷотро бароварда намесозад ва шумораи боқимондаи хатмкунандагони мактабҳо наметавонанд, ки таҳсили худро дар донишгоҳҳои олӣ давом диҳанд, чун онҳо хатмкунандагони синфҳои тоҷикӣ ҳастанд ва дар Қирғизистон донишгоҳҳои тоҷикӣ вуҷуд надорад. Онҳо ба Узбакистон ҳам рафта наметавонанд. Пас бақияи хатмкунандагон чӣ кор хоҳанд кард? Оё ҳамин падида онҳоро дилсард намекунад, ки ба синфҳои тоҷикӣ нараванд ва руй гардонанд аз таҳсил дар синфҳои тоҷикӣ?

Ҷавоб: Дуруст аст. Вале он, ки боз ҳам як навҷавон даҳ сол дар мактаби тоҷикӣ мехонад, барои оянда таҳкурсии бузург аст, барои мунтақил кардани фарҳангу забон ба дигарон. Ба ақидаи ман, агар навҷавон ба мактаб наравад, ҳеҷ гоҳ забони модариро дар сатҳи зарурӣ аз худ карда наметавонад. Мо 50 нафар гуфтем. Ин 50 нафар албатта шурӯи кор аст. Мо имсол аз тариқи созмони тоҷикони Қирғизистон нома навиштем аз тариқи сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба вазорати иқтисод ва ба вазорати маорифи Тоҷикистон. Мо соли оянда низ мехоҳем 50 нафари дигарро ба донишгоҳҳои мӯътабари Тоҷикистон пешбарӣ кунем. Ин дар чанд соли оянда рақами бузурге хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG