Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ ба хориҷа фурӯхта шуд ё на?


Ширкати «Барқи Тоҷик» ба далели зиёд шудани ҳаҷми маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш, маҳдудияти барқрасонӣ ба шаҳри Душанберо лағв кард.

«Реҷаи махсус» дар пойтахти Тоҷикистон аз 20 март роҳандозӣ шуда буд, ки бар асоси он бояд сокинони пойтахт аз соати 5 субҳ то 11 шаб бо барқ таъмин мешуданд.
Барқ гандум нест, ки онро дар халта пур карда ба хориҷа бифиристем...

Вале ин реҷа муроот намешуд ва ҳатто сокинони бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе рӯзона низ аз барқ маҳрум буданд. Ва ду соат барқи таъиншуда барои рустоҳо умуман дода намешуд.

КАМИИ ОБ Ё БУЗУРГИИ ТИҶОРАТ?


Ба гуфтаи ширкати “Барқи Тоҷик” дар ин авохир ҳаҷми ҷараёни об дар ҳавзаи рӯдхонаи Вахш дар сония ба 450 метри мураббаъ расидааст ва агар ҳаҷми ҷараёни об аз 550 то 600 метри мураббаъ дар сония расад, дар он сурат режими барқрасонӣ дар тамоми ҷумҳурӣ лағв хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар шароити режими шадиди барқрасонӣ ба мардуми Тоҷикистон ширкати мазкур ва Вазорати энергетика фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро қатъ накарда буд.

Бо вуҷуди он ки Шералӣ Гул, вазири энержӣ дар нишасти ахири матбуотии худ дар ҳафтаи гузашта таъкид дошт, ки барқ ба хориҷ аз кишвар, ба хусус ба Покистон фурӯхта нашудааст. Вай афзуд, «ягон киловатт-соат нерӯи барқ ба хориҷа надода истодаем. Барқ гандум нест, ки онро дар халта пур карда ба хориҷа бифиристем.»

Бино бар таъкиди вазир, Тоҷикистон дар ин муддат воқеан барқро нафурӯхтааст, аммо Гул Шералӣ, аз Афғонистон ёд накард, ки шаҳри Кундуз ва атрофи он шабу рӯзи торикӣ ва бебарқӣ дар Тоҷикистон бо барқ таъмин буд. Дар ин бора бархе аз масъулони Тоҷикистон, ки дар ни минтақа ба сар мебаранд, иттилоъ доданд.

МАЪЛУМОТИ ТАЗОДОМЕЗ


Дар ҳамин ҳол Оҷонси омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки кишвар дар семоҳи соли ҷорӣ 44 миллион киловатт- соат нерӯи барқ ба хориҷа (ба миқдори беш
Мо имкон доштем, ки пойтахтро аз нерӯи барқ маҳрум накунем...
аз 900 ҳазор доллар) фурӯхта шуда ва ба миқдори 30 миллион киловатт-соат аз хориҷа барқ ворид кардааст.

Пас ин суол матраҳ аст, ки Тоҷикистон бо кадом роҳ ё хатти интиқол тавонистааст, ин миқдор нерӯи барқро аз хориҷ ба кишвар ворид созад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вазорати энергетика ва саноат, дар фасли гармои соли 2010 ба далели набудани хатти интиқол Тоҷикистон 150 миллион долларро аз интиқоли барқ аз даст додааст.

Гузашта аз ин Оҷонси омори Тоҷикистон дар моҳи гузашта иттилоъ дода буд, ки 36 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба миқдори 700 ҳазор доллар ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳамин омори ироашудаи зидду нақизи вазорат, ширкати “Барқи Тоҷик” ва Оҷонси омор эътимоди мардум дар робита ба изҳороти ин ниҳодҳо дар заминаи камбуди барқу режими барқрасонӣ ба мардумро костааст.

Георгий Петров, коршиносони бахши энержӣ ва собиқ муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, ки дар ҳоли ҳозир сад дар сад имкони фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон вуҷуд дорад. Вай мегӯяд, «дар замони Шӯравӣ ин хат барои интиқоли 30 мегаватт дар шабонарӯз роҳандозӣ шуда буд. Баъдан он қисман хароб шуд, вале солҳои ахир барқарор гардид ва мо имкон дорем, то 30 мегаватт нерӯи барқро дар як шабонарӯз ба Афғонистон интиқол бидиҳем.»

Аммо Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло миёни ин кишвар ва Афғонистон як хатти 10 мегаватии интиқоли барқ фаъол аст. Ҳамзамон вазир таъкид кард, ки тарҳи хатти 220 мегаваттӣ дар ҳоли иҷрост.

ҲИСОБУ КИТОБИ БАРҚ


Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар моҳи март беш аз 32 миллион киловат соат нерӯи барқ дар шабонарӯз тавлид карда буд, ки ба гуфтаи Георгий Петров, ин миқдор барқ барои таъмини ҳам аҳолии пойтахт ва марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон ва ҳам Талко, корхонаи алюминиум, кофист.

Ҷаноби Петров афзуд, «корхонаи алюминиум ҳудуди 18 миллион киловатт-соат барқ масраф мекунад, Душанбе дар моҳи январ — феврал 10 миллион киловатт-соат барқ масраф карда буд, ки дар маҷмӯъ 28 миллион киловат соатро ташкил медиҳад. Яъне мо имкон доштем, ки пойтахтро аз нерӯи барқ маҳрум накунем.»

Ба гуфтаи ҷаноби Петров, аз ин бармеояд, ки 4 миллион киловатт-соат барқ ҳамарӯза ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст, ки дар маҷмӯъ 120 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки маблағи 200 миллион доллар тахмин зада мешавад.

ЧАРО БА ЗИЁНИ ХУД?


Ин албатта, ҳисобҳои пешакӣ аст, ки шояд ширкати “Барқи Тоҷик” ва Вазорати энергетика ва саноат аз фурӯши барқ фоида ба даст оварда бошанд. Вале хисороте, ки аз камбуди барқ ба корхонаҳои тавлидии Тоҷикистон эҳсос мешавад, ба маротиб аз ин даромад бештар аст.

Барои мисол дар вилояти Хатлон дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ ҳудуди 80 корхона аз фаъолият бозмондааст. Дар вилояти Суғд низ ҳамин манзара ба мушоҳида расидааст.

Пас ин суол бепосух мемонад, ки аз фурӯши нерӯи барқ ба хориҷи кишвар Тоҷикистон чӣ нафъе ба даст оварда шуд? Дар ҳоле, ки қабл аз ҳама бештари мардуми кишвар дар ин муддат дар торикиву бебарқӣ буданд ва корхонаҳои саноатӣ, ки омили бароварда кардани ниёзи мардум ва рушди иқтисоди кишвар ҳастанд, аз кор монданд.
XS
SM
MD
LG