Шаби нӯҳуми апрели соли ҷорӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Зафаробод як сокини бистсолаи ин ноҳия бо зарби тир кушта шудааст.
Шаб сокинони деҳоти наздик садои тирпарониро мешунаванд, вале касе аз онҳо ҷуръат намекунад, ки ба маҳалли ҳодиса биравад. Аз ин ҷост, ки ҷасади ин ҷавони бистсоларо танҳо субҳ дарёфт мекунанд...
Масъулини идораҳои интизомии Тоҷикистон дар бораи вуқӯи ин ҳодиса ва чӣ гуна иттифоқ афтодани он маълумот додан намехоҳанд. Вале ба таъйиди шоҳидони ҳодиса ин сокини ноҳияи Зафаробод ба ҳангоми бозгашт аз Узбакистон аз сӯи марзбонони узбак ҳадафи тир қарор мегирад.
Бегалӣ Ашӯрматов, сокини деҳаи "Мирзообод"-и ноҳияи Зафаробод, гуфт, Инъомҷон Миршарифов, сокини деҳаи Логини ин ноҳия, бо ҳамроҳи нафари дигар ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Хавоси Узбакистон хостааст аз гузаргоҳи ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Ашӯрматов, ин нафарон ҷиҳати иштирок дар тӯйи хешованди худ ба ноҳияи Хавоси Узбакистон рафта будаанд, вале вақти бозгашт онҳо ҳадафи тир қарор мегиранд.
Вай афзуд, "Тахминан соатҳои нӯҳ ман дар дашт будам, якбора дар он ҷо доду вой шунида шуд. Шояд ягон моҷаро шуда бошад гуфта ман рафтам. Пагоҳирӯз вақти азон омадам, ки қатор-қатор мошину ҷасадро бор карда гирифта рафтанд. Шаб кушта шудааст ва шаб ҷасад он ҷо будааст. Ӯро дар болои роҳи оҳан парронидаанд ва ӯ ҷонсарак ба ин тараф ба қаламрави Тоҷикистон гузашта ва дар он ҷо ҷон кандааст."
Ҷаноби Ашӯрматов, ки замини иҷорааш дар қарибиҳои ин хатти марз будааст, гуфт, субҳи рӯзи 10-уми апрел маҳалли ҳодисаро кормандони интизомӣ ва амниятӣ таҳқиқ мекарданд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ба ҳангоми шаб сокинони деҳоти наздик садои тирпарониро мешунаванд, вале касе аз онҳо ҷуръат намекунад, ки ба маҳалли ҳодиса биравад. Аз ин ҷост, ки ҷасади ин ҷавони бистсоларо танҳо субҳ дарёфт мекунанд.
Моҳи ноябри соли гузашта Солеҳ Ваҳҳобов, сокини 20-солаи деҳаи Мирзоободи ноҳияи Зафаробод дар хатти марзи канори ин маҳал аз тири марзбони узбак ба ҳалокат расидааст...
Манобеи интизомии Тоҷикистон намехоҳанд дар ин бора маълумот диҳанд. Аммо як манбаи наздик ба ин манобеъ бидуни зикри ном таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир ин ҳодиса аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод мавриди санҷиш қарор дорад.
Вай гуфт, аз шумори кормандони ин ниҳодҳо ва низ додситонии вилоят як комиссияи муштарак барои таҳқиқи ин ҳодиса ташкил шудааст. Вале афзуд ин манбаъ, ба хотири халал науфтодан дар ҷараёни тафтишот наметавонад чизе аз ин бештар маълумот бидиҳад.
Дар зимн, ҳаводиси куштори атбои тоҷик бар асари тири марзбонони Узбакистон дар ноҳияи Зафаробод барои бори аввал рух надодааст. Дар солҳои гузашта низ чунин ҳодисаҳо сурат гирифтааст.
Моҳи ноябри соли гузашта Солеҳ Ваҳҳобов, сокини 20-солаи деҳаи Мирзоободи ноҳияи Зафаробод дар хатти марзи канори ин маҳал аз тири марзбони узбак ба ҳалокат расидааст. Аммо ҷасади ӯро ин марзбонон бар ивази 600 ҳазор сӯм ба наздиконаш таҳвил додаанд.
Ҳамин тавр дар моҳи майи соли 2009 низ Алишер Бойқӯзиеви 34 сола сокини дигари ноҳияи Зафаробод аз тири марзбонони Ӯзбакстон дар минтақаи Хавос кушта мешавад.