Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи Тоҷикистон ба полис табдил хоҳад ёфт


Бино бар қонуни нави марбут ба ниҳодҳои умури дохилӣ, милисаи Тоҷикистон тағйири ном хоҳад кард.

Ин матлабро Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни маросими имзои ёддошти тафоҳум миёни ин вазорат ва САҲА роҷеъ ба ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон изҳор намуд.

МИЛИСА ПОЛИС МЕШАВАД

Генерал Қаҳҳоров гуфт, ба манзури амалӣ кардани барномаи ислоҳоти системаи корҳои дохилӣ, Қонуни нави полис таҳия шудааст, ки он ҷойгузини Қонуни милисаи феълӣ хоҳад буд. Ва агар ин қонун қабул шавад, милисаи Тоҷикистон ба полис тағйири ном хоҳад кард.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди зарурати ин иқдом гуфт: «Ҳоло як гурӯҳ ташкил шудааст, лоиҳаи навро таҳия мекунад. Ҳоло номашро милитсия мемонем ё полис ин масъала сад фоиза ҳалли худро наёфтааст. Аммо ман як чизе барои маълумоти шумо умуман мехоҳам бигӯям, ки мақомоти милисаи имрӯза ба номи худаш мувофиқ нест. Зеро дар мақомот имрӯз кормандони ҳирфаӣ фаъолият мекунанд. Аммо маънои номи милитсия, дружинаҳои ихтиёрии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Аммо мутахассисони соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҳамаи дунё бо номи полис маъруф ҳастанд. Ва маънои ин калима ҳам ҳимоятгари қонун мебошад».

ПАЙРАВӢ АЗ РУСИЯ?

Генерал Қаҳҳоров ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозир аксари кишварҳои шӯравии пешин, аз ҷумла ҳамсояҳои Тоҷикистон низ ҳамин номро ҷойгузини милиса кардаанд.

Ахиран дар Русия низ, ки Тоҷикистон аксари иқдомҳои худро дар қонунгузорӣ аз он кишвар нусхабардорӣ мекунад, милиса ба полис тағйири ном кард. Ва коршиносон инро навъе ҳамраъйӣ ва тақлид ба Русия унвон мекунанд.

Ивар Викӣ, раҳбари Бюрои САҲА дар Душанбе зимни имзои Ёддошти тафоҳум миёни ин созмон ва ВКД Тоҷикистон гуфт, САҲА барномаи ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистонро аз ҳар нигоҳ пуштибонӣ хоҳад кард. Ӯ аз изҳороти вазири корҳои дохилӣ роҷеъ ба иқдоми тағйири номи милиса низ истиқбол кард ва гуфт:

Ӯ мегӯяд: «Мо бо ВКД дар амри ислоҳоти низоми милиса ҳамкорӣ хоҳем кард. Ҳамзамон мо ба масоили меҳварии масъалаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот, назири таҳкими маҳорати афсарони полис, муқобила бо қочоқи инсон ва боло бурдани мизони огоҳӣ роҷеъ ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ хоҳем дошт».

ЧАРО МИЛИСА ПУЛИС ШАВАД?

Аммо ҳар чӣ ҳам ҳаст ҳадаф аз тағйири ном дар ниҳояти кор ворид кардани ислоҳот ба низоми корҳои дохилӣ ё фаъолияти милиса дар Тоҷикистон аст. Зеро милисаи Тоҷикистон бар асосӣ низоми боқимонда аз шӯравӣ амал мекунад ва дар аксари мавриди ҳадафи танқиди созмонҳои ҳуқуқи башар ва шарҳрвандони кишвар қарор дорад. Мутобиқ ба пажӯҳишҳои иҷтимоии анҷомшуда, дар ҳоли ҳозир мизони боварӣ ба милиса дар миёни мардум хеле поин аст.

Ва инро таҳлилгарон ба муносибати нодурусти мақомоти милиса бо мардум марбут медонанд. Милисаи Тоҷикистон дар муносибати номуносиб бо сокинон, шиканҷаи боздоштшудагон, хушунат бо муттаҳамон ва истифода аз усулҳои норавои кушодани ҷиноёт аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар ва шаҳрвандон борҳо ва борҳо интиқод шудааст.

Ва акнун пуровозатарин банди барномаи ислоҳоти милиса, тағйири номи он хоҳад буд. Вале суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки тағйири ном то куҷо ба суоли аслӣ, тағйири шеваи муносибат ба мардум ва бозгардонидани боварии мардум ба милиса мусоидат хоҳад кард. Ҷунайд Ибодов, аз собиқадорони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва аз ҳуқуқдонҳои саршиноси кишвар мегӯяд, дар воқеъ вазъи мавҷуд нигаронкунанда ва ислоҳталаб аст, аммо танҳо тағйири ном ба гумон аст, ки милисаро ислоҳ кунад.

ТАЪМИРИ КОСМЕТИКӢ?

Ӯ мегӯяд: «Агар ислоҳоти дурусте сурат бигирад, ки воқеъан низоми мавҷударо ислоҳ кунад, муҳим нест, ки ном дигар шавад. Дар воқеъ вазъ ҳоло нигаронкунанда аст. Тавре додситони кулли Тоҷикистон ҳам дар гузориши худ ба Маҷлиси миллӣ гуфтааст, мавридҳои шиканҷа ва бархурди нодуруст нисбати маҳбусон ҷой доштаст. Аммо қонун бояд тавре ислоҳ шавад, ки моҳияти ислоҳот ва механизми амалӣ шудани онро дар худ таҷассум кунад. Аммо агар тартибу усули пештар боқӣ монаду боз ҳамон кадрҳо ва ҳамон ҳайати шахсӣ ва раҳбарӣ, ҳеҷ чизе аз тағйири ному иваз шудани қонун дигар намешавад. Фақат як таъмири косметикӣ мешаваду халос».

Милисаи Тоҷикистон дар соли гузашта 85 солагии худро таҷлил кард. Аммо ҳоло ҳам қавли маъруфи “худо ба болнисаву милиса гирифторат накунад,” ба эътибори худ боқист ва таҳлилгарон мегӯянд, аз ин лиҳоз метавон роҷеъ ба сатҳи боварии марду ба милиса қазоват кард.
XS
SM
MD
LG