Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар Киев пойтахти Украина ба сар мебарад, ба хабарнигорон гуфтааст, рӯйдодҳои ҳаммонанд дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, ба Осиёи Миёна таҳдид намекунад. «Шароите барои такрори ҳамчунин рӯйдодҳо дар ин марҳила дар Осиёи Миёна вуҷуд надорад», афзудааст вай.
CАФАРИ ЗАРИФӢ БА ТОШКАНД ЧИ ДАСТОВАРД ДОШТ?
Ҳамроҳхон Зарифӣ ба дунболи нишасти ИА ва вазирони умури хориҷии Осиёи Миёна дар Тошканд, ба Киев рафт.
Қарор аст, оқои Зарифӣ дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ), ки имрӯз оғоз мешавад, ширкат кунад.
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба РО гуфт, дар ин нишаст масоили мухталифи ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ баҳсу баррасӣ мешаванд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон сафари ҷаноби Зарифӣ ба Тошкандро муҳим арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Тошканд дар чаҳорчӯби нишасти минтақавии вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда самтҳои старегии кишварро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши энержӣ баён кардаст. Давлати Тоҷикистон талош кардааст муфид ва безарар будани тарҳҳои энержии худро барои кишварҳои минтақа собит созад.
Дар ин нишаст иҷрои Барномаи стратегии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо (ИА) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои истифода аз захираҳои обу энержӣ, экология, тиҷорат, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва амнияти марзи ин кишварҳо мавриди баҳс қарор гирифтанд.
Ин манбаъ меафзояд, оқои Зарифӣ ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо таҳти роҳбари вазири умури хориҷии Маҷористон мулоқот анҷом додааст.
Раҳбари ҳайати аврупоӣ баён доштааст, ки мизони ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дошта ва Иттиҳодияи Аврупо барномаҳои худро бо муваффақият пиёда менамояд. Аз тарафи дигар ҷониби Тоҷикистон сипоси худро ба ин ниҳод барои кӯмак дар бахшҳои ислоҳи низоми молӣ, кишоварзӣ, тақвияти марз, коҳиши фақр ва ислоҳоти бахши иҷтимоӣ баён доштааст.
Аммо коршиносон бо дарназардошти танишҳои мавҷуда миёни Тошканд ва Душанбе интизор доштанд, ки ҷаноби Зарифӣ масъалаҳои мавриди ихтилоф миёни ду кишвар, хусусан масоили энержиро бо ҷониби узбакӣ дар мулоқотҳои чашм ба чашм мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Вале ончунон, ки дида мешавад ҷонибҳо нуқтаназарҳои худро танҳо дар нишастҳои умумӣ баён намуда масоили мавриди баҳси худро ба таври ҷудогона баррасӣ накардаанд.