Рӯзи ҳафтуми апрели соли гузашта, вақте ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, тақрибан 90 нафар кушта, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Онҳо алайҳи ришвахориву ҳукумати худкомаи президент Боқиев ба эътироз баромада буданд. Боқиев худаш соли 2005 дар натиҷаи "инқилоби лолаӣ” ба сари қудрат омада буд ва тазоҳуроти соли гузашта ӯро водор кард, то аз кишвари худ фирор кунад.
Сипас дар ин кишвар, ба вижа дар манотиқи ҷанубии он, нооромиҳо идома ёфт. Ҳукумати муваққат ба раҳбарии Роза Отунбоева интихоботи парлумониро баргузор ва низоми идории парлумониро рӯи кор овард. Дар кишварҳои Шӯравии собиқ ин нахустин низоми парлумонӣ ба ҳисоб меояд.
Имрӯз, ҳафтуми апрел, дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, маросимҳои вижа баргузор шуда, хотираи қурбониёнро пос медоранд.
Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Равшанбек Собиров, раиси ҷамъияти ба номи Рӯдакии тоҷикони муқими Қирғизистон ва намояндаи парлумони ин кишвар аз ҳизби "Ата Мекен", ки ҳамзамон раёсати Ассамблеяи мардумони Қирғизистонро бар ӯҳда дорад, дар бораи маросими имрӯзи ёдбуд пурсидем.
Равшанбек Собиров: "Дар Қирғизистон рӯзи ид аст. Порсол дар ҳамин рӯз инқилоб оғоз шуд. Дар Бишкек ҷанг сар шуд. Имрӯз барномаи мо ин аст, ки дар парлумон ҳамаи депутатҳо ҷамъ шаванд ва бо як дақиқа сукут хотираи қурбониёни ҳодисаҳои соли гузаштаро пос дорем. Баъд аз ин ҳама якҷоя ба қабристон меравем, ба ҷое, ки ин қурбониҳо дафн карда шудаанд. Дар он ҷо барои арвоҳи гузаштагон аз Қуръон оят мехонем. Пас аз соати чаҳор дар маркази Алатоғ ҳама ҷамъ мешавем. Он ҷо ҳам як дақиқа сукут мешавад. Суханрониҳо дар назар гирифта шудааст."
Суол: Оё барои хонаводаҳои қурбониёни воқеаҳои соли гузашта ягон кӯмак дар назар гирифта шудааст?
Равшанбек Собиров: "Бале, ҳукумат, президент Роза Отунбоева ба оилаҳои ин қурбониён 140 манзил доданд. Ба ин хонаводаҳо кӯмак карданд. Ба ҷуз ин, ба ҳар оилае, ки фарзандаш қурбон шудааст, як миллион сӯми қирғизӣ низ ҷудо карда шудааст."
Дар парлумон депутатҳо ҷамъ шуда, бо як дақиқа сукут хотираи қурбониёни ҳодисаҳои соли гузаштаро пос медоранд...