Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари САҲА ба интихоботи Қазоқистон чӣ хоҳад буд?


Ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қазоқистон
Ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қазоқистон

Нозирони САҲА гузориши худ дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистонро ба нашр мерасонанд.

Нозирони байналмилалии интихоботӣ то ҳол боре интихоботи ин кишварро озоду одилона арзёбӣ накардаанд ва ин бор низ пешгӯиҳо чандон ба нафъи чунин арзишёбӣ нест.
Назарбоев дар изҳороти худ дар ҳавзаи интихоботӣ фаротар қадам бардошт ва гуфт, интихоботи кунунӣ ба вай имкон медиҳад, ки барномаҳои худро барои рушди Қазоқистон амалӣ кунад...


"САҲНАСОЗӢ"-И НОМЗАДҲО

Раъйдиҳии рӯзи якшанбе нишон медиҳад, ки Назарбоеви 70-сола беш аз 90 дарсади раъйро ба даст овардааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ширкати аҳолии қобили раъй дар раъйдиҳӣ 90 дарсадро ташкил додааст.

Се номзади дигар низ дар интихобот ширкат доштанд, вале ҳамаи онҳо аз хатти маши Назарбоев ҷонибдорӣ карданд ва иштироки онҳо дар интихобот рамзӣ буд. Мухолифони сиёсӣ интихоботро саҳнасозӣ номиданд ва бойкот карданд.

Назарбоев аз солҳои фурӯпошии Шӯравӣ ҳамакнун 20 сол дар сари қудрат аст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар бораи баъзе шикоятҳо аз тақаллубкорӣ дар интихобот гузориш додааст.



Дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ, дар соли 2005 раъйдиҳандагон тақрибан 13 дарсад камтар буданд ва 76,8 дарсадро ташкил медоданд. Ин интихобот интихоботи зудрас буд ва гӯиё бо дархости баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ ва дастгирии парлумони Қазоқистон баргузор шуд.

Бо вуҷуди он, ки дар оғоз Назарбоев ба он “мухолифат” мекард ва “ризоят” намедод, ниҳодҳои интихоботии Қазоқистон ба чунин дархост “таъбир”-и қонунӣ пайдо карданд ва саранҷом интихобот баргузор шуд.

НИШОНАИ "ВАҲДАТ"-И ҚАЗОҚҲО?

Дар ҳоле ки натиҷаҳои интихобот эълон нашудааст ё пирӯзии вайро Кумисюни марказии интихоботӣ эълон накардааст, Назарбоев дар ин изҳороти худ дар ҳавзаи интихоботӣ фаротар қадам бардошт ва гуфт, интихоботи кунунӣ ба вай имкон медиҳад, ки барномаҳои худро барои ваҳдати миллӣ ва рушди Қазоқистон амалӣ кунад.

Ҳамроҳ бо Назарбоев дар ин интихобот 3 номзади дигар низ ширкат доштанд. Вале дар симои ҳеҷ як аз онҳо рақиби Назарбоев дида намешуд. Яке аз чунин ба ном “рақибон” Мелс Йелеусизов, коршиноси муҳити зист, аст ва худаш эътироф кард, ки ба ҷонибдорӣ аз Назарбоев раъй додааст.

Мухолифони воқеии Назарбоев интихоботро таҳрим карданд ва аз ширкат дар он даст кашиданд. Онҳо гуфтанд, интихобот аз вақти пешбинишуда ду сол зудтар баргузор шуд ва он гашти сиёсӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG