Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи ҳуқуқи инсон таҳдиде ба амният


Парлумони Тоҷикистон барои авалин бор қонунеро қабул кард, ки нақзи ҳуқуқи инсонро таҳдид ба амният мешуморад.

Бар пояи муқаррароти ин қонун, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳаки асосии манофеи миллии Тоҷикистон дониста шудааст.

ПАСТ ЗАДАНИ ИНСОНҲО - ТАҲДИД БА АМНИЯТ

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки тафовутҳои қонуни қабулшуда аз қонуни ҷориро номбар мекард, гуфт ин қонун барои аввалин бор нақзи ҳуқуқи инсон ва паст задани шарафи ӯро таҳдид ба амният эътироф кардааст: «Бори нахуст дар ин лоиҳа аз ҷумла қайд гардидааст, ки кирдорҳое, ки барои паст гардидани сатҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзишҳои умумибашарӣ равона гардиданад
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
ҳамчун таҳдид ба амният эътироф мегарданд. Ин нукта дар қонуне, ки қаблан амал мекард ҷой надошт. Дар моддаи панҷуми он бошад манфиатиҳои миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳаки асосии он нишон дода шудааст».

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар бораи амният аз мавориди зиёди навоқис дар қонуни ҷорӣ дар ин бора ва ихтилофоти он бо Қонуни асосӣ ёдовар шуданд. Ба ин далел Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар баробари вакилони парлумон аз тарҳи пешниҳодшудаи Қонун дар бораи амният ҷонибдорӣ мекард, қабули ин қонунро як амри зарурӣ хонд.

МУҚОБИЛА ДАР БАРОБАРИ ЧОЛИШҲОИ АМНИЯТӢ

Оқои Умаров афзуд, таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва махсусан чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ водор мекунад, ки ҳамроҳ бо кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози қонунӣдар муқобили ин хатарҳо омода буд. Ин мақоми масъули амниятии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло ҳамроҳ бо хатарҳои ношӣ аз терроризм ва экстремизм, таҳдидҳои наве аз ҷумла таҳдид ба амнияти иттиллоотӣ, таҳдид ба амнияти ғизоӣ, таҳдид ба амнияти экологӣ ба вуҷуд омадаанд ва масъулияти ҳукуматҳост, ки мардум ва ҷомеаи худро аз ин ҳама хатарҳо эмин дорад: «Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки дар шароити дигаргуншавии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир ба вуҷуд омаданд бевосита ба амният суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир расонида метавонад ба танзим медарорад.»

Зимнан дар ин қонун вазифа ва ваколатҳои ҳар яке аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла раиси ҷумҳур, ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, ниҳодҳои амниятиӣ ва Шӯрои амнияти кишвар ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вобаста ба таъмини амният муайян ва мушаххас шудааст.

ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ОСЕБПАЗИР

Қабули қонуни амният дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ин кишвар аз сӯи бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар шумори кишварҳои осебпазир ва ноамн дохил шудааст. Бархе аз коршиносони тоҷик низ ба ишора ба иттифоқоти рухдода дар соли гузашта, аз ҷумла фирори маҳбусон
Абдулло Ҳабибов
аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ, ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои милисаи шаҳри Хуҷанд ва ниҳоят даргириҳои ахир дар минтақаи Рашт, субот ва амният дар ин кишварро таҳти шубҳа қарор медиҳанд.

Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷилавгирӣ аз ин гуна иттифоқот, ки амнияти кишварро бо хатар рӯбарӯ мекунад кори ходимони амниятӣ аст. Аммо ба ин далел, ки дар ин ниҳодҳо афроди тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ бештар шудаанд, ин таҳаввулот на танҳо пешгирӣ нашуд, балки боис ба кушта шудани одамон гардид: «тамоми кормандони беҳтар ва шоистаро пеш карданд. Миёни вазорати корҳои дохила шикаста шуд. Ин ба кумитаи амният ҳам дахл дорад. Кадрҳои беҳтарин ҳамааш рафт. Ҳаводиси ахире, ки рух доданд дар минтақаи шарқи кишвар сабаби асосиаш ҳамин аст.»

Бо ин ҳама, вакилони Маҷлиси Намояндагон бидуни кадом баҳсу баррасӣ ва бо иттифоқи оро қонун дар бораи амниятро қабул карданд. Вале ин қонун танҳо баъди имзои раиси ҷумҳур ва интишор ёфтани он, мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG