Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб кардааст, ки чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатии Тоҷикистонро, ки бо гумони ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кунад.
Мақомот дар ин бора расман чизе намегӯянд, аммо ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, талаби додситон рӯзи 8-уми январ дар мурофиа садо дод. Ба иттилои манбаъҳо, талаби додситон чунин аст:
- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 30 сол зиндон;
- Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 30 сол зиндон;
- Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол зиндон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол зиндон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ – 23 сол зиндон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 23 сол зиндон;
- Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният, ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш дар ВКХ – 26 сол зиндон;
- Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 26 сол зиндон.
"Ин ҷазо барои онҳо ҳабси абад аст"
Наздикони ин афрод аз суҳбати ошкоро дар ин бора ва вокуниш ба талаби додситон худдорӣ мекунанд. Танҳо хешованди яке аз чеҳраҳои шинохта бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби додситон "барои шахсони калонсол баробар ба ҳабси абад аст".
"Инҳо худашон дар додгоҳ айбро қабул накарданд ва мо ҳам ба гунаҳкор будани онҳо шубҳа дорем. Оё ин шахсони калонсол тоқати 20 солу 30 сол дар зиндон буданро доранд? Ҳамроҳхон Зарифӣ 76-сола аст, 30 сол зиндон шавад, пас то синни 106 дар ҳаёт мемонад? Ё Акбаршоҳ Искандарови 73-сола оё тоқати 23 сол зиндонро дорад? Додситон бояд ин паҳлуҳои сабуккунандаро ба инобат мегирифт, ҳарчанд боз мегӯям, ба гунаҳкор будани инҳо шубҳа дорем,” -- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон 30 сол баландтарин ҷазо аст ва баъди он шахси гунаҳкорро танҳо ба ҳабси абад маҳкум мекунанд.
Худи гумонбарон дар парвандаи маъруф ба "табаддулот", охири моҳи декабри соли гузашта дар додгоҳ иттиҳоми хиёнат ба давлатро рад ва аз фишори муфаттишон шикоят карда буданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъди талаби додситон, додрас танаффус эълон кардааст, то вакилони дифоъ ва худи гумонбарони парванда барои ироаи сухани охирин омода шаванд. Баъд аз сухани охирини гумонзадҳо, додрас барои қабули қарори ниҳоӣ ба хонаи машваратӣ меравад. Феълан маълум нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор мешавад.
Баррасии парвандаи маъруф ба "табаддулот" 14-уми ноябри соли 2024 оғоз шуд. Наздикони гумонбаронро ба толори додгоҳ роҳ намедиҳанд ва вакилони дифоъ ҳам аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд. Барои ҳамин ҷузъиёти хеле кам аз мурофиа ба расонаҳо роҳ меёбад.
Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни соли 2024, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.