Баёнияи вазорат дар ин бора рӯзи 2-уми декабр ва баъди нашри видеои Радиои Озодӣ нашр шуд, ки дар он Муҳиба Ғуломова мегӯяд, маъмурони милиса ӯро бо гумони танфӯрушӣ бозпурсӣ ва латукӯб кардаанд.
Муҳиба Ғуломова: “Забирзода Ҷамол (афсари милиса) фарёдам кард, тӯҳмат кард. Гуфт, ки ки ту гумонбаршаванда дар фоҳишагӣ ҳастӣ, одамоне, ки ҳамроҳат ҳастанд, туро ба роҳи бад мебаранд. Ман кӯшиш кардам, ки фаҳмонам, ки чунин гап нест, бовар накард. Вақти баромадан аз муйҳоям кашид, ба дастонам завлона заданӣ шуд. Дар паси сарам зад.»
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин иддао асосе надорад, зеро Муҳиба Ғуломоваро маъмурони милиса дар назди волидонаш бозпурсӣ кардаанд. Дар баёния омадааст: "Шаҳрванд Ғуломова Муҳиба қайд менамояд, ки гуё кормандони Раёсати амнияти дохилии ВКД ҳангоми гирифтани баёнот нисбат ба ӯ дағалгуфторӣ ва шиканҷаро раво дида бошанд. Аммо ҳангоми пайдо кардан ва дастрас кардани ӯ ба ВКД падару модараш низ даъват шуда, кормандони милитсия дар ҳузури волидонаш баёнот гирифтаанд."
Бозпурсӣ ба қавли Муҳиба Ғуломова, рӯзи 12-уми декабри соли 2024 дар бинои вазорат сурат гирифтааст ва баъди он Муҳиба Ғуломова зоҳиран барои ташхиси тиббиву додгоҳиро рафтааст. Дар ин санад, ки Радиои Озодӣ онро дид, аз ҷумла навишта шудааст, ки “ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки он аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд мумкин аст, дар санаи 12 декабр бардошта шудаанд.”
Қиссаи Муҳиба Ғуломова, ки ба қавли худаш аз хонаи волидон фирор кард, бисёр печида аст ва баъди муроҷиати падару модар, ки ӯро бедаракшуда пиндоштаанд, мақомоти милиса ӯро пайдо карда ва ба волидонаш баргардондаанд. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки пас аз муроҷиати падари духтар, маъмурони милиса Муҳибаро "пас аз 65 рӯзи бедарак гаштанаш пайдо карданд."
Ба қавли Муҳиба, афсарони милиса ӯро барои он дар паси сараш заданд, ки дар бораи «робитааш бо дигарон» баёнот надодааст. Моҷаро баъди он шурӯъ шудааст, ки духтар хонаи падарро тарк карда, ҷудо аз аҳли хонавода зиндагӣ мекардааст. Мегӯяд, хонаи падарро барои он тарк кард, ки мехостанд, бо марде, ки дилаш намехост, издивоҷ кунад.
Муҳиба Ғуломова: “Аввал ҳамрони падару модарам нофаҳмӣ шуд. Гуфтам намешавад, беҳтараш худам бе падару модарам дар алоҳидагӣ зиндагиро пеш мебарам. Дар байн милисаҳо кордор шуданд. "
Ҷамол Забирзода, корманди Вазорати умури дохилӣ бозпурсии духтарро тасдиқ, вале латукӯб ва ба фоҳиштагӣ гумонбар донистани ӯро рад кард. Ба қавли Забирзода, духтарро дар асоси аризаи падар ёфта, ба хона баргардонанд ва аз ӯ забонхат гирифтанд, ки дигар бе огоҳии волидайн аз хона баромада, бедарак намешавад.
Ба назари ҳуқуқшинос, Далер Қурбонов, дар умум пурсиш ҳар гумонбар мисли ин духтар новобаста аз он ҷиноят бояд дар доираи қонун сурат гирад. Далер Қурбонов: "Маҷбур кардан барои навиштани баёноти худиқрорӣ ва маҷбур кардан барои навиштани баёноти аз ҷониби корманди мақомоти корҳои дохила омодашуда низ амали баръало ғайриқонунӣ мебошад."
Бо вуҷуди онки мақомоти милиса дар Тоҷикистон, бадрафторӣ бо Муҳиба Ғуломоваро рад мекунанд, вале шикоятҳо аз муносибати бади маъмурони милиса бо гумонбарон дар ҷиноят дар гузашта зиёд будааст.
Тибқи омори расмии ҳукумат, соли 2018 тақрибан 50 нафар аз бадрафториву шиканҷа ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кардаанд, соли 2019-ум 14 шикоят ба дасти мақомот расидааст ва солҳои 2020-2021 дар умум 23 нафар ба мақомот аз бадрафтории маъмурони милиса ва дигар мақомоти қудративу интизомӣ шикоят бурдаанд.
Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, ҳам борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба шиканҷаву бадрафторӣ бо муттаҳамон бо ҷиноят ва зиндониён хотима бидиҳад.
Гуфтугӯ