Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Ҷебов дар Tokyo Grand Slam 2024 медали биринҷӣ гирифт


Обид Ҷебов
Обид Ҷебов

Паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2024), ки 7-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио - баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 274 варзишгар (149 мард ва 125 зан) аз 44 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар (се мард ва як зан) шомиланд: Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Дар рӯзи аввали Tokyo Grand Slam 2024 ду паҳлавони тоҷик - Обид Ҷебов ва Абубакр Шеров - рақобат карданд. Ҷебов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Баъдан вай дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Роналд Лимаи бразилӣ дастболо шуд. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Ҷебови 26-сола дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои 20-солаи ҷопонӣ ғалаба кард.

Ин аввалин медали Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 аст. Барои Ҷебов ин сеюмин нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Grаnd Slam мебошад.

Паҳлавони дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило дар даври аввал Иоан Житакро аз Руминия, дар даври дуюм Мусо Шабданбековро аз Қирғизистон ва дар даври сеюм Соичи Ҳашимоторо аз Ҷопон шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Шеров дар нимфинал аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Абубакри 21-сола барои нишони биринҷӣ аз ҳамсоли худ Данил Лаврентеви русиягӣ, ки дар дастаи бетараф таҳти парчами IJF ҳунарнамоӣ кард, мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 7-уми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор шуд, варзишгарон барои медалҳо дар чор вазн миёни занон (-48, -52, -57, 63 кг) ва дар се вазн байни мардон (-60, -66, -73 кг) мубориза бурданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 8-уми декабр – занон дар се вазн (-70, -78,+78 кг) ва мардон дар чаҳор вазн (-81, -90, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.

Паҳлавони тоҷик Умедҷон Раҷабов (-90 кг) дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон Ҳидетоши Токумочи нерӯ месанҷад. Виктория Киселёва (+78 кг) дар даври аввал бо Хинран Ниу аз Чин қувва меозмояд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ. Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мешаванд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 21 медал (7 тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Муғулистон, Тоҷикистон, Фаронса, Ҷумҳурии Чех ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи ҷудо Тokyo Grand Slam 2023 натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Вай дар вазни то 81 кило мақоми панҷумро касб кард.

Tokyo Grand Slam 2023 бо ширкати 506 варзишгар (298 мард ва 208 зан) аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG