Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То кай чунин ҳол?" Вокуниши сокинон ба созиши Тоҷикистону Қирғизистон


Ҷамоати Сурхи Исфара, 4-уми декабри 2024
Ҷамоати Сурхи Исфара, 4-уми декабри 2024

Ба поён расидани марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мардумро дар рустоҳои Исфара ба шурӯи эҳтимолии равуо ва додугирифт умедвор кардааст. Созиши ду тараф рӯзи 4-уми декабр эълон шуд, вале тафсилоташ ҳанӯз дастрас нест.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар солҳои 2021 ва 2022, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, баста аст.

“То кай чунин ҳолат? Каме садои баланд ояд, ҳама ба воҳима меафтанд, ки боз ҷанг сар шуд. Бахусус занҳо заҳракаф мешаванд. Мо мехоҳем, ки оромию беҳбудӣ шавад”, -- нақл кард Абдураззоқ Юсуфов, сокини ҷамоати Сурхи Исфара.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи чоруми декабр бо сокинони дигари наздимарзӣ дар Исфара низ гап зад. Ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки ҷузъиёти кашидани хати сарҳадро намедонанд, аммо аз ниҳоӣ шудани он хушҳоланд.

Исфара
Исфара

Исомиддин Бурҳониддинов, сокини ҷамоати Сурхи Исфара, гуфт: “Бояд мисли аввал дӯст шавем. Ҳар рӯз интизор ҳастем, ки равуо сар шавад. Бо рафиқон аз он тарафи марз телефонӣ гап мезанем. Даъват мекунанд. Мо пештар ба бозорҳои Қирғизистон бисёр мерафтем. Кори нағз мешавад."

Сокинон мегӯянд, ки баҳсу муноқишаҳои марзӣ на танҳо ба рӯҳияи мардум, балки ба иқтисоди оилаҳо низ зиён расонд. “Агар марз боз шавад, маҳсулот арзон хоҳад шуд. Аз якдигар вобаста аст. Талаби мо ҳамин аст, ки дӯстӣ шаваду ҳаёт нағз шавад,” – гуфт Зикриё Раҳматов аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара.

Зикриё Раҳматов
Зикриё Раҳматов

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, рӯзи 4-уми декабр дар паёми кӯтоҳ гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва акнун он дар як созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад гашт.

Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, ҷузъиёт надоданд.

Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок, аз ҷумла роҳи Воруху чоркӯчае байни Исфараву Бодканд, расонаӣ нашудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вокуниши сокинон ба созиши Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG