Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, “Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 286 варзишгар (158 мард ва 128 зан) аз 47 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар шомиланд. Дар сабқати мардон Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Умедҷон Раҷабов (-90 кг) рақобат мекунанд. Дар сабқати занон Тоҷикистонро танҳо як нафар – Виктория Киселёва (+78 кг) – намояндагӣ хоҳад кард.
Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат мегирад. Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 7-уми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор мешавад, варзишгарон барои медалҳо дар чор вазн миёни занон (-48, -52, -57, 63 кг) ва дар се вазн байни мардон (-60, -66, -73 кг) мубориза мебаранд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 8-уми декабр – занон дар се вазн (-70, -78,+78 кг) ва мардон дар чаҳор вазн (-81, -90, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст:
барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро);
барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро);
барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).
Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мешаванд.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи ҷудо Тokyo Grand Slam 2023 натавонистанд медал бигиранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Вай дар вазни то 81 кило мақоми панҷумро касб кард.
Tokyo Grand Slam 2023 бо ширкати 506 варзишгар (298 мард ва 208 зан) аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат гирифт.