Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва 30 захмӣ. Оқибати ҳамлаи Русия ба Харков


Украина, Харков. 30 октябри 2024
Украина, Харков. 30 октябри 2024

Дар ҳамлаи неруҳои Русия ба вилояти Харкови Украина, ду нафар кушта шуда, зиёда аз 30 каси дигар маҷруҳ гардиданд. Ҳамла шоми 30-юми октябр анҷом шудааст.

Олег Синегубов, волии Харков гуфтааст, яке аз кушташудаҳо навраси 11-сола буд. Ин наврасро бо захмҳои вазнин аз зери харобаҳо берун овардаанд, вале ба гуфтаи волии Харков, табибон ӯро наҷот дода натавонистанд.

Наҷотдиҳандагон пораҳои як ҷасади дигарро пайдо кардаанд, ки шахсияташ то ҳол маълум нашудааст.

Артиши Русия дар ҳафтаҳои ахир вилояти Харковро ҳадаф гирифтааст. Шаби 28-уми октябр дар ҳамлаи артиши Русия ба Харков, чор нафар кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG