Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Тоҷикистон фиреби Толибонро намехӯрад?


Дар Тоҷикистон ҳанӯз бисёриҳо ба хабари мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бо намояндагони “Толибон” дар Кобул бовар надоранд ё ба сахтӣ онро ҳазм мекунанд.

Чӣ гуна намояндаи кишваре, ки раиси ҷумҳураш бо хашму асабоният гуфт, ҳеч гоҳ ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият намешиносад, ба дидори раҳбарони як гурӯҳи ифротӣ рафтааст. Ҳукумати Тоҷикистон қотеона мегуфт, танҳо дар сурати таъсиси як ҳукумати ҳамашумул ё фарогир дар Афғонистон бо “Толибон” ҳамкорӣ хоҳад кард. Тоҷикистон аз барқарор кардани робита бо “Толибон” чӣ суд мебарад ва ҳадафи “Толибон” аз ҷалби ҳамсояҳо чист?

Суҳбати барномаи имрӯзаи “Гапи Озод” дар ҳамин бора аст ва меҳмонони мо Зокир Ҳусайн Иршод, таҳлилгари афғонистонӣ аз Руминия ва Муҳаммадҷон Кабиров, хабарнигор аз Лаҳистон. Салом, ба “Гапи Озод” хуш омадед ва сипос аз шумо бинандаи арҷманд барои ҳамроҳӣ.

Гапи Озод: Тоҷикистон фиреби "Толибон"-ро намехӯрад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:38:28 0:00

Иқтибосҳое аз барнома:

Муҳаммадҷон Кабиров: "Чӣ водор кардааст, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро ки ба Кобул сафар кунад? Ин бори аввал нест, ки Ятимов ба Афғонистон сафар мекунад. Баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва рӯи кор омадани ҳукумати Толибон, ҳанӯз чанд моҳ пас аз суқути Кобул Ятимов ба Афғонистон сафар карда буд ва дар мошини вазири амнияти Толибон дар шимоли Афғонистон ба қавли афғонҳо чакар зада буданд.

Омилҳои зиёде ҳаст, ки Ятимов водор мешавад, ба Афғонистон сафар кунад, аммо ончӣ ки дарз кардааст, моҳҳои ахир баъзе аз гумоштаҳо, ё ҷосусҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон дар байни гурӯҳҳои Толибон, ё ҳамон Ансоруллоҳ фаъолият доштанд, онҳоро пайдо карданд ва боздошт карданд. Гӯё, ки дар ин сафар дар баробари дигар мавзӯъҳо ин ҳам матраҳ шудааст, ки Ятимов аз Толибон хостааст, ин ҷосусҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон фиристода шуда буданд, шояд қочоқбар бошанд, ё ҷосус бошанд, ба Тоҷикистон баргардонда шаванд.

Баҳси дигар вогузоории сафорат аст, ки то ин лаҳза маълумоте, ки дорем оғои Деҳқонзода, ки қаблан сарконсули Афғонистон дар Хоруғ буд, феълан умури сиёсӣ ва консулгариро аз тарафи Толибон пеш мебарад дар Тоҷикистон. Гӯё, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ӯ дафтаре дода шудааст ва ҳамчунин дафтаре дар Душанбе дорад. Мавзӯҳои амниятӣ, мавзӯҳои тиҷоратӣ боис шудаанд, ки Тоҷикистон, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо Толибон вориди ҳамкорӣ шавад."

Зокир Иршод Ҳусайн: "Кишварҳо ва бозигарони сиёсӣ мутаносиб бо таҳаввулот мутаносиб бо таҳавуллоти мумкин аст, аз як инъитоф кор бигирад ва ҳамвора ба далели таъқиби манофеашон ва мутаносиб ба шароит ва замон тасмим иттихоз шавад ва ҳеч гоҳ бар ӯ мавқифе, ки мумкин аст, бар асоси илзомоти қаблӣ, ки бар ӯ таъкид мекард, бар ӯ пойбанд набошад.

Мутаасифона, ҳузури сесолаи Толиб дар Афғонистон ва ин ки қудрати сиёсиро ва контроли Афғонистонро дар ихтиёр дорад, хеле аз кишварҳоро во дошта, ки ҳадди аққал ба сурати тактикӣ ва маътуф ба масоил ва манофеи хоси худашон бархе аз равобитро ва бархе аз таомулотро бо Толиб дошта бошад. Давлати Тоҷикистон ҳам аз ин қоида мустасно нест.

Ба рағми ин ки мумкин аст, ба сурати сурӣ дар сутуҳи дигар мавқифи қаблии Тоҷикистон ҳифз шавад, вале дар айни ҳол мисли хеле аз ҳамсояҳо ва хеле аз кишварҳои ҷаҳон бемайл нест, ки навъе аз таомул ва навъе аз равобити камранг миёни Душанбе ва Кобул ба вуҷуд биёяд, ки ҳадди аққал бархе аз хатарҳое, ки эҳтимолан дар оянда мумкин аст, аз ҷониби Толиб мутаваҷҷеҳи Душанбе шавад, пешопеш пешгирӣ карда бошад."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG