Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алсу Қурмашева дар миёни 4 барандаи International Press Freedom Award


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Алсу Қурмашева, корманди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар миёни чор рӯзноманигорест, ки ҷоизаи байнулмилалии озодии матбуотро дар соли 2024 хоҳанд гирифт. Ҷоизаро Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, месупорад.

Ҷоди Гинсберг, мудири иҷроияи CPJ, рӯзи 19-уми сентябр дар изҳороте соли 2024-ро барои хабарнигорон “харобиовар” ва ҷоизаи байнулмилалии озодии матбуотро “нишонаи кори муҳими онҳо” дар ҳар гӯшаи ҷаҳон донист.

Дар баёнияи CPJ гуфта шудааст, ки дар баробари Алсу Қурмашеваи 47-сола як рӯзноманигори фаластинӣ, як хабарнигор аз Гватемала ва як рӯзноманигор аз Нигерия низ ҷоиза хоҳанд гирифт.

Алсу Қурмашева соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико, ки моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд, дар моҳи октябри ҳамон сол дастгир шуд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоияшро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд. Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд.

Додгоҳи Қазон, пойтахти Тотористон, моҳи июл Қурмашеваро ба 6,2 сол зиндон маҳкум кард. Қурмашева ва Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

Ӯ рӯзи якуми август ҳангоми табодули зиндониён ҳамроҳи ду шаҳрванди дигари Амрико – Эван Гершкович ва Пол Уилан – аз боздоштгоҳи Русия озод шуд.

XS
SM
MD
LG